Мирҳусайни Муаммоӣ

Мирҳусайни Муъаммоии Нишопурӣ (форсӣ: میرحسین معمائی نیشابوری‎; ? — 1499) — шоир ва муаммосарои форс-тоҷик.

Мирҳусайни Муаммоӣ

Зиндагинома вироиш

Номаш дар маъхазҳо Амир Камолуддин Ҳусайн ибни Муҳаммади Ҳусайнӣ машҳур ба Мирҳусайни Нишопурӣ ва Мирҳусайни Муаммоӣ зикр шудааст. Аслан аз Нишопур буда, дар Ҳирот дар мадрасаи «Ихлосия» таҳсил кардааст. Мувофиқи маълумоти «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ Мирҳусайни Муаммоӣ ахлоқи писандида ва хислати нек дошта, дар байни аҳли адаби аср ҳамчун гӯяндаи ҳунарманди муаммиёти нодир шӯҳрат ёфта буд. Маҳорати фавқулодаи ӯро дар эҷоди муаммо Абдурраҳмони Ҷомӣ, Навоӣ ва Бобур ба­рин суханшиносон эътироф намудаанд.

Мирҳусайни Муаммоӣ рисолаи мухтасаре дар муаммо тартиб дода, муаммиёташро дар он сабт кардааст. Дар муқаддимаи рисолааш қайд намудааст, ки аксари муаммиёти он аз назари Ҷомӣ шарафи илтифот ёфта буд ва вай ҳангоми таълиф аз рисолаҳои ӯ истифода бурдааст. Нусхаҳои сершумори рисолаи Мирҳусайни Муаммоӣ ва шарҳҳои ба он навиштаи Содиқ Рукнии Ошиқи Абдулваҳҳоб ибни Ҷамолуддин Муҳаммади Ҳамадонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки андар боби муаммо аз қабили асарҳои машҳур ба шумор мерафтааст. Як гурӯҳ ҷавонон аз рисолаи Мирҳусайни Муаммоӣ пе­ши Восифӣ сабақ меомӯхтанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Мирҳусайни Муаммоӣ / A. Caттopoв // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).