Мир Девонаи Шаҷминӣ

Мир Девонаи Шаҷминӣ (?, Бухоро — 1539, Ҳирот) — мусиқидон, оҳангсоз, хонанда, шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Мир Девонаи Шаҷминӣ
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1539
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) оҳангсоз, шоир

Зиндагинома

вироиш

Илму фарҳанги замонаашро дар Бухоро фаро гирифта, асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро аз падараш меомӯзад. Сониян барои такмили донишу ҳунар ба шаҳрҳои Самарқанд, Марв, Машҳад, Ҳирот рафта, аз устодони созу овоз, адаб ҳунар андӯхтааст. Дар мусиқии назарӣ бештар кӯшиши зиёди омӯзишӣ ба харҷ дода, назди Кавкабии Бухороӣ, Мирзоалии Чангӣ сознавозӣ, равиши эҷоди мусиқиро такмил медиҳад. Дар созҳои уд, қонун, танбӯр маҳорати хуби иҷроӣ касб карда ва дар ин созҳо ихтирооти ҷолиб намуда, дар сарояндагӣ бештар дар иҷрои «савт», «амал», «қавл», «рехта», «нақш» корҳои ҳунарӣ карда, рангомезиҳои тараннумӣ ворид сохтааст. Дар зарбу усулҳои мақомҳои «Рост», «Бузург», «Ҳусайнӣ», «Ушшоқ» тазминҳои рангини мусиқӣ сохта, махсусан асарҳояш «Савти Мирдевона», «Савти ошуфта», «Пешраво ошуфта», «Нақши Шаҷмин» ва ғ. дар ҳавзаҳои эҷодию иҷроии Бухоро, Самарқанду Ҳирот шуҳрати зиёд касб кардаанд. Шеърро некӯ (ғазал, қасида, рубоӣ, маснавӣ) мегуфтааст.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 156. — ISBN 978-99947-49-13-3.