Мир Муҳаммад Абҷадӣ

Мир Муҳаммад Исмоилхони Абҷадӣ (? — 1788, Мадрас) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Мир Муҳаммад Абҷадӣ
Номи пурра Мир Муҳаммад Исмоилхони Абҷадӣ
Таърихи даргузашт: 1788(1788)
Маҳалли даргузашт: Мадрас
Навъи фаъолият: шоир

Ашъори боқимонда

вироиш

Ба забони урду низ шеър мегуфт. Абҷадӣ аз шоиронест, ки анъанаи «Хамса»-нависиро идома додааст. Инчунин аз ӯ ду девони ашъор (ба форсии тоҷикӣ ва урду), маҷмӯаи қасоид боқӣ мондааст. «Хамса»-и Абҷадӣ маснавиҳои «Зубдат-ул-афкор» (дар ҷавоби маснавии «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ), «Анварнома» (дар вазни шеърии «Искандарнома»-и Низомӣ, аммо дар мавзӯи дигар), «Роғиб ва Марғуб», «Ҳафт ҷавҳар» (дар ҷавоби «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ), «Муваддатнома»-ро (дар вазни шеърии «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ) дар бар гирифтааст. Ба қалами Абҷадӣ маснавии «Ҳақиқатнома», инчунин шарҳе ба «Тӯҳфат-ул-ироқайн»-и Хоқонии Шервонӣ тааллуқ доранд. Дар маснавии «Анварнома» Абҷадӣ оид ба баъзе шуарои гузаштаи форс-тоҷик чунин гуфтааст:

Нахустин зи таркиби донишварӣ,
Шуд афрӯхта унсури Унсурӣ…
Чу шуд сард бозори он тездам,
Баровард Фирдавсии Тусӣ алам…
Замона ба Хоқонии поккеш,
Чу Хоқони Шервон сар афканд пеш…
Пас аз рафтани ӯ ба сайри ҷинон,
Шуда Анварӣ нурбахши ҷаҳон…

Сарчашма

вироиш