Мисбоҳиддини Нарзиқул
Мисбоҳиддини Нарзиқул — олим, мунаққид ва адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ (2010), профессор (2011), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010).
Мисбоҳиддини Нарзиқул | |
Мисбоҳиддини Нарзиқул | |
Санаи таваллуд: | |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Мамлакат: | |
Фазои илмӣ: | |
Ҷойҳои кор: | |
Дараҷаи илмӣ: | |
Унвонҳои илмӣ: | |
Алма-матер: | |
Ҷоизаҳо: |
Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997) |
ЗиндагиномаВироиш
Мисбоҳиддини Нарзиқул 19 сентябри соли 1970 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ фаъолияти кориашро пас аз хатми аълои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1993 аввал ба сифати аспирант, баъд ассистент, дотсент ва профессор дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ҳамин Донишгоҳ то кунун идома дода истодааст. Аз ноябри 2002 то октябри 2007 ба ҳайси ҷонишини декани факултет оид ба илм фаъолият дошт ва айни замон низ (аз соли 2012) вазифаи мазкурро ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин, сарварии Шӯрои олимони ҷавони факултети филологияро аз соли 1997 то 2007 ва Шӯрои марказии Ҷамъияти илмии донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз соли 2000 то 2007 ба ӯҳда дошт.