Михаил Израилович Бобоев

Михаил Израилович Бобоев (тав. 23.02.1925, ш. Самарқанд — номаълум) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1966), дотсент (1968).

Михаил Израилович Бобоев
Михаил Израилович Бобоев
Таърихи таваллуд 23 феврал 1925(1925-02-23) (99 сол)
Зодгоҳ Самарқанд, ИҶШС
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Соли 1955 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1942–1944 курсанти мактаби ҳарбии ҳавоии ш. Ворошиловград, 1944–1945 курсанти мактаби ҳарбӣ-техникии ҳавоии ш. Кизил-Орда, 1945–1949 техники авиатсионии ш. Сахалин буд. Солҳои 1955–1960 ҳамчун муаллими иқтисоди сиёсии техникуми ш. Сталинобод, 1960–1991 муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст. Солҳои 1972–1980 вазифаи мудири кафедраи иқтисоди сиёсии донишкадаи номбурдаро ба уҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст. Барои хидматҳояш бо 5 медал, нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Барои муваффақиятҳои аъло дар кор» қадрдонӣ карда шудааст. Тоҷикистонро тарк намудааст.

Пайвандҳо

вироиш