Леонид Михайлов
(Тағйири масир аз Михайлов Леонид Григоревич)
Леонид Григоревич Михайлов (Зодрӯз 28 феврали соли 1928) — риёзидон, доктори илмҳои физикаву математика (1967), профессор (1967). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1987), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1998). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007)
Леонид Григоревич Михайлов | |
Таърихи таваллуд | 28 феврал 1928 |
Зодгоҳ | д. Михайловкаи Бошкирдистон (Русия) |
Таърихи даргузашт | 15 март 2015 (87 сол) |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | академик,олим |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер |
Зиндагинома
вироишДонишгоҳи давлатии Қазонро хатм кардааст (1950), ихтисос – «математика». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ, физикаи математикӣ ва таҳлили математикӣ.
- Мудири бахши математикаи ДДТ (1959-1963),
- мудири бахши муодилаҳои интегралии (1963-1969) Шуъбаи математика ва физика (аз соли 1964 ИФТ) АИ ҶШС Тоҷикистон,
- мудири кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи Горкий (1969-1971),
- мудири шуъбаи муодилаҳои физикаи математикии (1971-1999) Шуъбаи математика бо МҲ (аз с.1973 Институти математика бо МҲ, с.1994 Институти математика),
- мудири шуъбаи муодилаҳои физикаи математикӣ Институти математикаи АИ Тоҷикистон (1999-2005),
- мудири шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии (2005 – то имрӯз) Институти математикаи АИ Тоҷикистон,
- и.в. ноиби президент ва раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика ва химияи АИ Тоҷикистон (1993 - 1994).
Ҷоизаҳо
вироишБо медали Донишгоҳи Лютер (Олмон) ва медали ҷашнии 100-солагии академики АИР М.А.Лаврентев тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с
Пайвандҳои беруна
вироиш- Аъзои пайвасти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017 сол.
- Михайлов, Леонид Григорьевич
- Михайлов, Леонид Григорьевич Бойгонӣ шудааст 4 марти 2018 сол.