Михаэл Волгемут (олмонӣ: Michael Wolgemut, 1434, Нюрнберг — 30 ноябри 1519, ҳамон ҷо) — мусаввири олмонӣ, ҳаккок, кандакори рӯйи чӯб, сарвари корхонае, ки дар охири садаи XV дар Нюрнберг кор мекард. Ҳамчун устоди А. Дюрер маъруф аст.

Михаэл Волгемут
Суратҳо
Таърихи таваллуд 1434[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 30 ноябр 1519[1]
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Нахуст дар назди падараш Валентин Волгемут, баъд дар назди Х. Плайденвирф таълим гирифтааст. Меҳробҳо, нигораҳо, ангора барои равзанаҳои шишаӣ, ороиши китобҳо бо усули ксилографӣ ва ғ. аз тавлидоти умдаи корхонаи Михаэл Волгемут буд.

Маъруфтарин осор

вироиш

Маъруфтарин осоре, ки ба Михаэл Волгемут мутааллиқ медонанд: ретабли (тоқи паси меҳроби) асосии калисои Яъқуби Муқаддас дар Штраубинг (1479), меҳроби Мариенкирх дар Свикау (1476-79), ретабли калисо дар Фейхтванген (1486-90). Михаэл Волгемут-ро муаллифи чандин портрет низ мешуморанд («Портрети Х. Тухера», 1481; «Портрети марди ҷавон», 1486; «Портрети Х. Перкмайстер», 1496). Дар асарҳои Михаэл Волгемут афзалияти тасвир бар тобиш ё обуранги он, ки яке аз вижагиҳои хосси мактаби нюрнбергиҳо будааст, ба назар менамояд. Михаэл Волгемут дар рушди ксилография саҳми босазое гузошт; ӯ яке аз нахустин шахсоне буд, ки аҳаммияти ҳамкории мусаввир ва ҳаккокро дарк кард. Беҳтарин намунаи кори ӯ дар ин замина китоби рангаи «Таърихчаи Нюрнберг» (1491—1494) бо ҳамкории хоҳарзодааш Михаэл Волгемут Плайденвирф мебошад.

  1. 1.0 1.1 RKDartists (нидерл.)

Сарчашма

вироиш