Мишел Годен
Мишел Годен (1756, Порис — 1841, ҳамон ҷо) — шарқшиноси фаронсавӣ.
«Гулистон»-и Саъдиро соли (1789), тарҷума карда, бо сарсухани пурмуҳтавое ба табъ расондааст. То ин давра тарҷумаҳои гуногуни «Гулистон» вуҷуд доштанд, ки ба талаботи ҷараёнҳои адабии класситсизм ва маорипарварӣ мутобиқат мекарданд. Навоварии Мишел Годендар он аст, ки вай бори нахуст матни нисбатан мукаммали «Гулистон» (158 ҳикоят аз ҳафт боб ва аз боби ҳаштум («Дар одоби суҳбат») 82 ҳикматро пешкаши хонандагон кардааст. Дар тарҷумаҳои пешин касе ба тарҷумаи боби ҳаштум даст назада буд. Бобҳои якум ва чаҳоруми «Гулистон» пурра тарҷума шудаанд. Фарқи дигари ин асар дар он аст, ки Мишел Годендар тарҷумааш пайдарҳамии ҳикоётро нигоҳ доштааст. Тарҷумаи Мишел Годеназ рӯи сиҳҳатии матн, дур нарафтан аз матни аслӣ аҳаммият дорад. Шеърҳои дар охири ҳикоятҳо овардаи Саъдиро Мишел Годенба наср овардааст, вале бадеияти онҳо коста нашудааст. Тарҷумаи Мишел Годенбори аввал соли 1789 ва бори дуввум соли 1930 нашр шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Шокир Мухтор. Адабиёти тоҷик дар Франция. Д., 1985.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Годен Мишел // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.