Модар Тереза
Терезаи Калкуттӣ (номи аслӣ Анҷесса Гонҷа Боҷияу — Anjezë Gonxhe Bojaxhiu, маъруф ба Модар Тереза; 26 август 1910[1][2][3][…], Скопе, Kosovo Vilayet[d], Имперотурии Усмонӣ — 5 сентябр 1997[2][3][4][…], Калкутта[5]) — роҳибаи дини католикӣ, асосгузори ҷамъияти ёрирасонӣ умумибашарӣ «Иттиҳоди (ордени) хоҳарони шафқат» дар Ҳиндустон, барандаи Ҷоизаи Темплтон (1973) ва Ҷоизаи Нобел барои сулҳ (1979). Медали ИМА «Медали тилоии Конгресс» (1997).
Anjezë Gonxhe Bojaxhiu | |
Ном ҳангоми таваллуд | Анҷесса Гонҷа Боҷияу |
Таърихи таваллуд | 26 август 1910[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 сентябр 1997[2][3][4][…] (87 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | religious sister |
Падар | Nikollë Bojaxhiu[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Вебгоҳ | motherteresa.org |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАнҷесса Гонҷа Боҷияу 26 августи соли 1910 дар шаҳри Скопе, вилояти Косовои Албания дар оилаи баққоли сарватманди албанӣ таваллуд ёфтааст. Духтарак ҳанӯз дар дувоздаҳсолагиаш аллакай медонист, ки хидмати ояндаи вай дар роҳи Худо бо бенавоёну дардмандон пайванд мешавад. Ин ҳодисаро ҳоло шарҳ додан душвор аст. Дар ҳаждаҳсолагиаш оилаашонро тарк месозад, ба Ирландия рафта ба «Иттиҳоди хоҳарони Лоретанӣ» мепайвандад. Соли 1931 вай ба дайр меравад, маросими мӯйтароширо анҷом медиҳад, роҳиба мешавад, номи Терезаро мегирад. Қариб як сол дар Дублин (Ирландия) мемонад, сипас рӯ ба Ҳиндустон меорад, вақти зиёде дар донишкадаи Марями Муқаддаси Калкутта аз ҷуғрофия дарс медиҳад, баъдтар директори он таъйин мегардад. «Ман ба конгрегатсия моҳи октябри соли 1928 шомил гаштам ва моҳи январ сафари Ҳиндро ихтиёр намудам, — ба ёд оварда буд модар Тереза. Новитсиатро дар Дарҷилинг гузаштам ва савганди садоқатамро дар ҳузури хоҳарони лоретанӣ ба забон овардам. Дар тӯли бист сол дар мактаби Марями Муқаддаси шаҳри Калкутта, ки асосан наврасон сабақ мегирифтанд, омӯзгор будам. Намедонам, муаллимаи хуб будам ё на. Инро шогирдонам беҳтар медонанд. Вале сабақ доданро дӯст медоштам». Ба пойтахти ҳамонвақтаи Ҳиндустон ҳазорҳо нафар хонабардӯшу гуруснаҳои тарки деҳаҳо намуда фуру мерехт. Садҳо нафар қашшоқдар пеши назари Тереза ҷон ба Ҷаббор таслим мекард. Аввал ӯ ба муфлисон маошашро тақсим менамуд, баъд ба дармонбахшии онҳо пардохту ба бемории сил гирифтор шуд. Аммо ба таври ҳайратовар шифо ёфт. Баъди ин Тереза мутмаин гашт, ки Парвардигор беҳуда ӯро дар ин дунё нигоҳ надоштааст. «Дар қалбам эҳсосе падид омад, гӯё дар жарфнои тақдирам боз қисмате дигар тавлид гашт: ба монанди такдири дуюм. Ҳис намудам, ки маро қувваи тавоное аз конгрегатсияи лоретанӣ, ки он ҷо х, аёти осуда ба cap мебурдам, берун мекашад баҳри хидмат ба бенавоёни куча. 10 сентябри соли 1946, вақте ки бо қатора аз Дарҷилинг, дар мавзеи шафати кӯҳҳои Ҳимолой мерафтам, садои Худо ба гӯшам расид. Ҳангоми ибодат ва суҳбати ботинӣ бо Худо даъвати ӯро возеҳ дарк сохтам… Даъваташ рӯшан буд: ман бояд аз дайри роҳибаҳо мерафтаму ба муфлисон ёрӣ мерасондам ва ҳамроҳашон мезистам. Ин амр буд. Ман бармало эҳсос намудам, ки Исо мехоҳад дар байни бенавотаринҳо, рондашудаҳо, иқоматгарони маҳаллаҳои камбағалон, хонабардӯшон бошаму дар роҳи Худо хидмат намоям. Исои Масеҳ даъват мекард, ки умрамро ба хидмат дар роҳи Худо бахшам, аз пайи Исо равам, дар байни муфлисон бошам, мададгорашон гардам. Бо онҳое бошам, ки барояшон Исои Масеҳ азоб мекашад ва дӯсташон медорад ва дар ниҳодашон маъво гирифтааст». Модар Тереза барои ифтитоҳи иттиҳодияи роҳибии шахсиаш кӯшид. Танҳо соли 1950 баъди шахсан бо папаи Рум вохӯрдан барои ин иҷозат ба даст овард. 30 сентябри ҳамон соли 1950 дар Калкутта роҳибаи католик «Иттиҳоди (ордени) хоҳарони шафқат»-ро бо мақсади ягонаи ёрӣ расонидан ба бенавоён таъсис дод. Онҳое, ки узви иттиҳод мешуданд, бояд ҳатман ду шартро риоя мекарданд: камбағалӣ ва хидмат ба муфлисон. Дар ин ҳолат модар Тереза, ба мисли Исои Масеҳ, аз хоҳарон талаб менамуд, ки аз дорой, оила ва хоҳиши модар шудан даст кашанд. Онҳоро танҳо заҳмат — заҳмати беохиру беқадр интизор буд. Хоҳарон на танҳо ҷон дар рамақ мондаҳо, балки аз беморхонаву маҳбасҳо кӯдаконро низ гирд меоварданд. Баъзеро пулис, дигаронро одамон дар назди дайр мегузоштанд Аз ягон тифл модар Тереза рӯй нагардондааст. Даҳ ҳазор нафар махав дар беморхонаҳои махсуси модар Тереза паноҳгоҳ ёфт. Заҳмати тоқатшикани модар Тереза то соли 1964, то замони ба Ҳиндустон сафар намудани папаи Рим Павели VI аз чашми ҳамабини журналистон низ пинҳон буд. Баъд ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ меёбад, соҳиби мукофоту ҷоизаҳо мегардад. Барои фаъолияти инсондӯстиаш модар Тереза соли 1979 ба Ҷоизаи Нобел барои сулҳ сазовор мешавад. Ӯ маблағи мукофотҳоро пурра ба рушди фаъолияти иттиҳодаш бахшидааст. В. Эрлихман менависад: «Баъди як табобатгоҳ дигарҳояш пайдо шуданд. Аз пайи онҳо хонаҳои кӯдакон, марказҳои эмгарӣ, „шаҳри сулҳ“ барои махавҳо қомат афрохтанд. Ва нахустин дармонгоҳро барои маризони СПИД низ модар Тереза бунёд кард. Ӯ бо як нерӯи адонашаванда кишвар ба кишвар мегашт, то ки маблағе ба даст орад. Ӯро „менеҷери беназир“ мехонданд».
Вале комёбиҳояшро худаш ин тавр шарҳ медод:
«Кори аз ҳама ночизу хурдтаринро ҳам бо меҳри беандоза сомон бахшидан зарур аст». Вақте ки папа Иоанн Павел пурсид, ки бо чй метавонад ба вай ёрӣ расонад, модар Тереза посух дод: «Як ҳиссачаи Ватиканро ба ман бахшед, дар он ҷо беморхона тахт менамоям»
.
Ӯ субҳи солеҳ аз ҷойгаҳ бармехест ва ҳамроҳи хоҳарон захмҳо, омосҳои маризонро мешуст, марҳам мемолид, тубакҳои шабонаро берун мебаровард. Тамоми ҳаёт, ҳангоми пирӣ ҳам новобаста ба бемориҳои сактаи дил, вараҷаҳои чандбора ва ғайра даст аз кор накашид. То моҳи сентябри соли 1997, то даме ки қалбаш ба хабари марги фоҷиабори шоҳдухтар Диана тоқат карда натавонист…
Чи тавре ки модар Тереза мегуфт:
«Мо наметавонем корҳои бузургро сомон бахшем — мо корҳои одиро иҷро менамоем, вале бо муҳаббати беандоза. Боре маро таъна заданд, ки хоҳарон иҷрои кори назаррасеро оғоз накардаанд, танҳо бо майда- чуйдаҳо машғуланд. Гуфтам: Агар онҳо лоақал ба як нафар одам ёрӣ расонда бошанд, кифоя аст. Исои Масеҳ низ метавонист барои як нафар инсон, баҳри як гунаҳгор ҷонашро фидо намояд»
.
«Шумо метавонед коре бикунед, ки аз дасти ман намеояд. Ман кореро ба иҷро мерасонам, ки шумо аз ӯхдааш намебароед. Якҷоя кореро анҷом мебахшем, ки писанди Парвардигор аст. Худо намепурсад, ки мо чанд китоб хондем, чй мӯъҷизаҳо эҷод намудем. Мепурсад, ки он чи аз дастамон меомад, иҷро кардем? Зарра барин кор ҳам барои Худо арзиш дорад. Зеро Худо тавоност, ҳар коре, ки бо номи Худо, барои Худо ва ба воситаи Худо иҷро менамоем, подоши зиёде медиҳад…»
Модар Терезаро, ки 5 сентябри соли 1997 дар Калкутта дунёро падруд гуфт, на танҳо масеҳиён, балки кулли мардуми гетӣ зани муқаддас хондаанд. «Дар нимаи аввали асри XX роҳи муборизаро бар муфлисӣ ғояҳои Маҳатма Гандӣ мунаввар менамуд, дар нимаи дуюм бошад — хештансӯзиҳои модар Тереза», — гуфта буд сарвазири вақти Ҳиндустон Индер Кумар Гуҷрал. 13 сентябри соли 1997, рӯзи дафни ӯ, дар Ҳиндустон мотами миллӣ эълон шудан низ тасодуфй набуд. Ба марги ин зани ба дини дигар тааллукдошта, дар ҳақиқат, тамоми кишвар гирист. Дар воқеъ бо ӯ ҳамчун бо зан — апостол ё «фариштаи ғамгусор» видоъ мекарданд. Ва ҳамин тавр номида буд, варо президенти Ҳиндустон Нарайанан.
Иттиҳоди ӯ зери раёсати хоҳари 66-сола Нирмала фаъолият дорад. Нирмала иҷозат намедиҳад, ки варо «модар» хонанд. Мегӯяд:
«Мо як модар дорем — Терезаи беҳамто»
. Пас аз се соли вафоти асосгузораш Иттиҳоди хоҳарони шафқат дар 128 мамлакати дунё қариб ба 600 табобатгоҳу сағирхона хидмат мерасонд.[6]
Адабиёт
вироиш- Немтина А. А. модар Тереза. М.: Издательство Францисканцев, 2013. — 139 с., 1000 экз., ISBN 978-5-89208-105-4
- Фалько, Ж.-М. ди. модар Тереза. Вера творит чудеса. — М.: матн, 2004.
Пайвандҳо
вироиш- Сайт, посвященный Матери Терезе Бойгонӣ шудааст 23 марти 2020 сол.(рус.)
- модар Тереза. История жизни Бойгонӣ шудааст 23 марти 2020 сол.
- модар Тереза. Цитаты Бойгонӣ шудааст 23 марти 2020 сол.
- модар Тереза. Малоизвестные факты Бойгонӣ шудааст 23 марти 2020 сол.
- Страница на сайте Нобелевской ҷоизаҳо(англ.)
- Фильм о Матери Терезе(англ.)
- Весть о Матери Терезе
- В Ватикане канонизировали модар Терезу, — опубликовано видео Бойгонӣ шудааст 7 сентябри 2016 сол.
- Федеральное агентство новостей Бойгонӣ шудааст 23 марти 2020 сол. Мафиози Бруско: Если модар Тереза — святая, то я Иисус Христос!
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 https://www.fembio.org/biographie.php/frau/frauendatenbank?fem_id=26824 (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ 4.0 4.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 5.0 5.1 http://onlinelibrary.wiley.com/doi/10.1111/j.1748-720X.2005.tb00500.x/pdf
- ↑ Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. — Душанбе, 2010. — С. 31 — 35