Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон — аз соли 2011 инҷониб, ҳамасола давоми моҳи май Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ, озмунҳо ва иқдомҳои хайриявию эҳсонкорӣ дар саросари кишвар барпо мегардад.

Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
The Red Crescent of Tajikistan
Таҷлил Моҳи май, ҳамасола
Аз 01.05
То 31.05
Ҷашнгирӣ Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 504 аз 7.10.2011
Марбут ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Дар бораи моҳвора

вироиш

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 504 аз 7.10.2011 «Оид ба тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» моҳи май моҳвораи Ҳилоли Аҳмар эълон гардидааст.[1] Ҳар сол моҳи май Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ, бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни хайриявӣ, фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ, озмунҳо ва иқдомҳои эҳсонкорӣ, косертҳои хайриявӣ ва ғайра гузаронида мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар сол аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон моҳвораи Ҳилоли Аҳмар гузаронида мешавад, ки ба паҳн кардани ақидаҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба барномаҳои фаъолияти Ҷамъияти мазкур равона шудааст. Мӯҳлат, тартиб ва шартҳои гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. [2]

ҶҲАТ дар асоси барномаи гузаронидани моҳвораи Ҳилоли  Аҳмар, ки аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва мақомоти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, барои гузаронидани чорабиниҳо дар доираи моҳвораи  Ҳилоли Аҳмар, аз майдонҳои варзишӣ, боғ ва дигар иншооти фарҳангӣ - иҷтимоӣ  истифода карда метавонад. [3]

Дар бораи Ҷамъият

вироиш