Ҷунбиши байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар
Ҷунбиши ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ҳамчунон Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ ё Ҳилоли Аҳмари Ҷаҳонӣ) — ҷунбиши байналмилалии гуманитарист, ки дар с. 1863 таъсис ёфт ва беш аз 17 млн. коргар ва ихтиёриҳо (волонтёрҳо)-ро аз кулли ҷаҳон дар бар мегирад.
Ҷунбиш мақсади асосии худро чунин медонад «Кӯмак кардан ба тамоми муборизин бе ягон фарқкунии беасос, бо ҳамин тавр барои сулҳ дар Заммн мусоидат кардан»[1].
Таърих
вироиш24 июни соли 1859 миёни қушунҳои Фаронса ва Австрия дар деҳаи Солферино, воқеъ дар шимоли Итолиё ҷанг ба вуқуъ пайваст. Муҳориба ҳамагӣ 16 соат давом ёфта дар он 320 000 ҷангҷӯ иштирок намуд. Дар натиҷаи 40 000 захм бардоштаву талаф ёфтанд. Хидмати санитарии тарафҳои ҷангкунанда бешубҳа кифоя набуд. Анри Дюнан, ки барои тиҷорат аз он ҷойҳо мегузашт, ба ҳайрат афтод. Сафари минбаъдаи худро боздошта, ба ёрии захмиён шитофт. Муроҷиатномаи Анри Дюнанро сокинони деҳаҳои ҳамсоя шунида аҳолӣ ба ярадорон ёрӣ расонда, баъди Анри Дюнан такрор мекард: «Ҳама одамон бародаранд». Вай ба ватан баргашта, танҳо бо даъвати инсондӯстӣ ва раҳмдилӣ маҳдуд нашуда, барои расонидани кӯмак ба захмиён дар кишварҳои гуногун пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошт ва ба амалӣ кардани он шурӯъ кард. Анрӣ Дюнан ба Шветсария баргашт, вале даҳшати ҷанги Солферино пайваста ӯро азият медод. Аз ин, ки ин тасвир дар хотираи ӯ ҷо гирифта буд, соли 1862 китоберо аз ҳисоби худаш бо номи «Хотираҳо аз Солферино» ба нашр расонид. Мақсади А. Дюнан аз навиштани китоб ҳақиқати золимонаи ин ҷангро мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор додан буд. А. Дюнан асосан дар китоби худ ду назарияро пешниҳод намуд:
1 | Оё имкон надорад, ки дар вазъи ором ҷамъиятҳои ихтиёрие таъсис диҳем ва онҳо дар замони ҷанг ба маҷрӯҳон кӯмак расонанд. |
2 | Назарияи дуюми А. Дюнан боиси ба вуҷуд омадани равиши ҷанг ё ба ибораи дигар қоидаҳои ҷанг гардид. |
Ӯ ин китобро ба роҳбарони низомӣ, сиёсатмадорон, башардӯстон ва дӯстони хеш фиристод. Баъди мутолиаи китоби мазкур, бисёриҳо мехостанд, ки ба ӯ пайравӣ кунанд.
17 феврали соли 1863 дар Швейтсария «Кумитаи байналхалкии кӯмак ба захмиён» ташкил карда шуд. Ин сана зодрӯзи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) маҳсуб мешавад, созмон соли 1880 номи худро гирифтааст.
Моҳи августи соли 1864 - 16 кишвар Конвенсияи Женеваро оид ба беҳтар намудани вазъияти ярадорон ва беморон дар ҷанг имзо карданд. Соли 1863 “Кумитаи Женева” таъсис дода шуда нишони "Салиби Сурх" қабул карда шуд.
Аввалин Ҷамъиятҳо дар (Олмон, Испания 1863, Фаронса, Итолиё 1864, Русия ва Туркия 1867, Тоҷикистон 1927,) такшил гардид. Соли 1919 Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари таъсис дода шуд.
Аломатҳо
вироишАввалин нишонаи ҳаракат нишонаи "Салиби сурх" соли 1863 бо мақсади фарқият дар майдони муҳориба тасдиқ карда шуд. Моҳи октябри соли 1863 аз ҷониби конфронси байналмилалӣ дар Женева нишони Салиби сурх дар заминаи сафед интихоб карда шуд. Нишони расмӣ аз ҷониби Конвенсияи Женева соли 1864 тасдиқ карда шудааст. Баъдан нишонаи Ҳилоли Аҳмар аввалин маротиба соли 1876 истифода бурда шуд. Соли 1876, дар замони ҷанги Русияву Туркия Империяи Усмонӣ аз истифодаи нишони Салиби Сурх худдорӣ намуд ва он бо ниҳонаи Ҳилоли Аҳмар иваз карда шуд. Ҳамчун нишони расмии Ҳилоли Аҳмар дар конвенсияи Женева соли 1929 эътироф шудааст. Дар конвенсияҳои Женева соли 1949 се нишона зикр шудааст: Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар ва Шери Сурх ва Офтоб. Дар айни замон, нишони охирин ҳамчун нишони ҷамъиятҳои миллӣ истифода намешавад. 5 декабри соли 2005 рамзи сеюми расмии ҳаракат ба муроҷиати расмӣ ворид гардид. Дар баробари Ҷунбиши Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамчун нишона ҳоло тасвири аз ҷиҳати динӣ бетарафи булӯри сурх дар заминаи сафед, ки бо номи Булӯри Сурх маъруф аст, истифода мешавад.
Принсипҳо
вироишҲафт принсипи бунёдии ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар башардӯстӣ, бетарафӣ, беғаразӣ, мустақилӣ, ихтиёрӣ, ягонагӣ ва ҷомеият маҳсуб меёбад.
Воҳидҳои асосии Салиби Сурх:
вироишКумитаи ҷаҳонии Салиби Сурх (КҶСС).
вироиш- Федератсияи ҷаҳонии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар[en] (ФҶҶСвҲА) (англ. International Federation of Red Cross and Red Crescent Societies (IFRC)).
- Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.
Органҳои роҳбарикунандаи Ҷунбиш:
- Конфронси байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар — чун анъана, дар як сол чор маротиба гузаронида мешавад. Дар он вохӯрии ҷамъиятҳои миллӣ бо намояндагони кишвар-аъзои Конвенсияи Женева баргузор мегардад.
- Шӯрои вакилон — маҷлиси Шӯро дар як сол ду маротиба баргузор мегардад.
- Комиссияи доимӣ — органи вакил кардашудаи Ҷамъомади байналмилалӣ дар байни Ҷамъомадҳо мебошад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
вироишҶамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 23 декабри соли 1927 таъсис ёфтааст. Якумин роҳбари ҶҲАТ қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум мебошад. Соли 1992 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶҲАТ-ро ба ҳайси ҷамъияти умумиҷумҳуриявии мустақил, ихтиёрӣ ва иҷтимоӣ пазируфт. Соли 1997 ҶҲАТ узви Фидератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гардид. Соли 2001 Қонуни ҶТ "Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шуд. Соли 2010 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ "Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" ба тасвиб расид. Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 504 аз 7.10.2011 “Оид ба тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар” моҳи май моҳвораи Ҳилоли Аҳмар эълон гардидааст. Ҳар сол моҳи май Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ, озмунҳо ва иқдомҳои хайриявию эҳсонкорӣ дар саросари кишвар барпо мегардад. Тибқи санадҳои танзимкунандаи фаъолият ҶҲАТ ҳамчун ниҳоди ёрирасони мақомотҳои давлатӣ дар самтҳои мухталиф аз қабили омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, расонидани кӯмакҳои амалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва ғайра фаъолият мебарад. ҶҲАТ ҳамчун ташкилоти мададрасони мақомотҳои давлатӣ дар ҳудуди ҳамаи шаҳру ноҳияи кишвар фаъолияти самаранок дорад.
ҶҲАТ ҷамъияти мустақили беғаразест, ки дар амри пиёда намудани ниёзи шахсони ниёзманд ҳангоми ба мушкилиҳо мувоҷеҳшуда дар нуқоти гуногуни кишвар саҳми бориз дорад. Зеро аҳдофи калидии он ҳифзи ҳаёт, шаъну шарафи инсонҳо, бахусус доираи одамоне, ки дар пайи ҳаводиси гуногуни фавқуллода ё даргириҳо осеб дидаанд, мебошад.
Ин ҷамъият дар саросари кишвар 2 Филиали вилоятӣ (Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ВМКБ), 2 бахши минтақавӣ (Бохтар ва Кӯлоб) ва 65 Филиалҳои шаҳриву ноҳиявӣ иборат буда ҳазорон нафар аъзо ва беш аз 12 000 волонтёр ё ихтиёрӣ дорад. Айни замон Котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Баҳодур Бобоҷон ва Приезиденти Ҷамъият Саид Курбонов мебошанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Международное движение Красного Креста и Красного Полумесяца Бойгонӣ шудааст 19 августи 2009 сол. на сайте Санкт-Петербургского отделения Российского Красного Креста]
Сарчашма
вироишCомонаи расмии ҶҲАТ: https://redcrescent.tj/
Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон»: https://majmilli.tj/%D2%9B%D0%BE%D0%BD%D1%83%D0%BD%D0%B8-%D2%B7%D1%82-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B0%D0%B8-%D2%B7%D0%B0%D0%BC%D1%8A%D0%B8%D1%8F%D1%82%D0%B8-%D2%B3%D0%B8%D0%BB%D0%BE%D0%BB%D0%B8-%D0%B0%D2%B3/
ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН https://komron.info/cr/hiloli-ahmar/
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022 тақрибан ба 10 ҳазор оила кумаки башардӯстона расонид: https://tajsohtmon.tj/tj/navidho/12446-amiyati-iloli-amari-toikiston-dar-shash-moi-soli-2022-tariban-ba-10-azor-oila-kumaki-bashardstona-rasonid.html
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор волонтёрро муттаҳид месозад: https://khovar.tj/2022/05/imr-z-r-zi-umumi-a-onii-salibi-surh-va-iloli-a-mar-amiyati-iloli-a-mari-to-ikiston-besh-az-12-azor-volontyorro-mutta-id-mesozad/ Бойгонӣ шудааст 30 июни 2023 сол.
Принсипҳои бунёдии ҳаракати Байналмилалии Салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар: https://maktab.tj/329-prinsipoi-bunedii-arakati-bajnalmilalii-salibi-surh-va-iloli-amar.html
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо оилаҳое, ки офат онҳоро бехона гузошт, пул медиҳад: https://sputnik.tj/20200604/jamiyati-hiloli-Ahmar-bo-oilaoe-ki-ofat-onhoro-bekhona-guzosht-pul-mediad-1031361405.html
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: Международное движение Красного Креста и Красного Полумесяца(рус.).
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |