Муайянкунанда
Аъзои пайрави ҷумла, ки ашёро аз ҷиҳати аломат, сифат, хусусият, муносибат, соҳибият шарҳу эзоҳ медиҳад, муайянкунанда номида мешавад. Муайянкунанда, одатан, мубтадо, пуркунанда, ҳол ва ҷузъи номии хабарро аз ягон ҷиҳат муайян карда, аз ҷиҳати сохту таркиб ва ифодааш гуногун мешавад.
Мисолҳо
вироиш- Чакраҳои калон-калони борон дар болои бом ва тирезаҳо нақоразанӣ мекунанд (Ҷалол Икромӣ).
- Ӯ бачаи боадаб, хушфеъл ва зебо буд (Сотим Улуғзода).
- Пешонаи ман арақи сард баровард (Сотим Улуғзода).
Муайянкунанда ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: муайянкунандаи изофӣ ва муайянкунандаи беизофа.
Адабиёт
вироиш- Луғати терминҳои забоншиносӣ.- Душанбе:Маориф,1983.- с.122