Мубинахон Хоҷаева (Хоҷаева Мубинахон Ҷалоловна; 16 феврали 1968, Хуҷанд) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (2009).

Мубинахон Хоҷаева
Хоҷаева Мубинахон Ҷалоловна
Таърихи таваллуд 16 феврал 1968(1968-02-16) (56 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ омӯзгорӣ

Зиндагинома

вироиш

Мубинахон Хоҷаева 16 феврали соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1985, пас аз хатми мактаби миёнаи № 18-и шаҳри Хуҷанд ба факултети забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1990 бо баҳои аъло ба итмом расонидааст. Соҳиби ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ мебошад.

Корнома

вироиш

Соли 1990 фаъолияти омӯзгории худро дар мактаб — гимназияи № 13-и шаҳри Хуҷанд ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти рус оғоз бахшидааст. Солҳои 2001—2003 дар кӯдакистони № 27 шаҳри Хуҷанд ҳамчун мураббия — педагог фаъолияти меҳнатии худро идома додааст. Аз соли 2003 то 2005 дар ҶДММ «Спантамано» дар вазифаи мудири шуъбаи кадрҳо ифои фаъолият намудааст. Аз соли 2005 то соли 2009 ба ҳайси сармуаллимаи кафедраи забонҳои Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров фаъолият бурдааст. Аз моҳи сентябри соли 2009 дар ДДҲБСТ аввал ҳамчун сармуаллимаи кафедраи забони русӣ, дотсенти кафедраи номбурда фаъолияти меҳнатиашро идома додааст. Соли 2010 муовини декан оид ба таълими факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъин гардид. Аз соли 2011 мудирии кафедраи забони русии донишгоҳро ба зимма дошт. Моҳи октябри соли 2014 муовини ректори ДДҲБСТ оид ба корҳои тарбия таъин гардид.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Соли 2009 дар Академияи таҳсилотии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Актуализация нравственно — мировоззренческих ценностей художественного текста в условиях интегрированного обучения русскому языку в школах Республики Таджикистан» таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И. Х. Каримова дифоъ намуд.

Муаллифи се монографияи илмӣ, 7 дастури таълимӣ — методӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ мебошад. Иштирокдори як қатор ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маҳсуб меёбад[1].

  • Актуализация нравственномировоззренческих ценностей художественного текста в условиях интигрированного обучения русскому языка в школах Республики Таджикистана. — Худжанд, 2010.
  • Характерные особенности и необходимость формирования деловых качеств студентов на занятиях русского языка в условиях рыночной экономики. — Душанбе: Ирфон, 2013. — 172 с. ISBN 978-99975-0-063-2
  • Содержательный аспект обучения русскому языку как механизм формирования деловых качеств студентов. — Душанбе: Ирфон, 2014. — 131 с. ISBN 978-99975-0-062-5
  1. Хоҷаева Мубинахон Ҷалоловна - муовини ректор оид ба тарбия (10 октябри 2019). 11 феврали 2022 санҷида шуд.