Музҳаб
Музҳаб (қарни XVIII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишАслу насабаш маълум нест. Музҳаб соҳибдевон бошад ҳам, девони ӯ то ҳол дар феҳристи ягон китобхонани ҷахон зикр нашудааст. Шоир ду маснавӣ дорад: «Шоҳу Гадо» (дар пайравии маснавии Ҳилолӣ), «Лайлӣ ва Маҷнун» (давоми «Лайли ва Маҷнун»-и Мулҳами Бухороӣ, ки ба он се боби нав илова кардааст). Ашъори Музҳаб аз образҳои конкрету аёнӣ, ташбеҳу истиороти рангии саршор аст. Шоир аз давру муҳити зиндагиаш бисёр шикоятҳо дорад:
Нест бе таъсир дар гулшан дили ношоди мо.
Нолаи булбул шавад бӯи гулу фарёди мо.
Ашкам тамом шуд, намаки чашми тар намонд,
Тӯфони гиря дар садафи ман гуҳар намонд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Музҳаб / У. Каримов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).