Муин Камолович Абдураҳмонов (30 ноябри 1933, шаҳри Бухоро13 августи 2016, Душанбе) — доктори илми тиб (1971), профессор (1990), Аълочии соҳаи тандурустӣ.

Муин Абдураҳмонов
Муин Камолович Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд 30 ноябр 1933(1933-11-30)
Зодгоҳ Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 13 август 2016(2016-08-13) (82 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино,
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии тиббии шаҳри Куйбишеви Федератсияи Русия
Ҷоизаҳо ордени «Дӯстӣ», медали «Собиқадори меҳнат» ва Аълочии соҳаи тандурустӣ.


Зиндагинома

вироиш

Муин Абдураҳмонов хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии Душанбе (1951) ва факултаи тибби ҳарбии Институти давлатии тиббии шаҳри Куйбишеви Федератсияи Русия (1957). Духтури ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Демократии Олмон (1958-1959), аспиранти Институти тибби кишварии АИ Тоҷикистон (1959-1962), акушер-гинекологи таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ (1962-1967), ассистенти кафедраи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1967-1976), саракушер-гинекологи Душанбе (1976-1980), ассистент (1980-1986), дотсент (1986-1990), профессор (1990-1998) ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино(1998-2005) буд. Аз соли 2005 профессор-мушовири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд. Муин Абдураҳмонов 13 августи 2016 дар Душанбе даргузашт.[1]. Фарзандонаш Фаррух Абдураҳмонов ва Фирӯза Абдураҳмонова мисли падар докторони илмҳои тиб гардида фаъолияти пизишкиашонро давом дода истодаанд.

Фаолияти илмӣ

вироиш

Таҳқиқоташ ба таъсири омилҳои антропогении муҳити беруна ба ташаккул ва инкишофи фаъолияти насловарӣ, мубодилаи витаминҳои B1, B2, B6, C, A, D ҳангоми камхунии муътадил ва камхунии вазнини гипохромии оҳаннорасо дар давраи ҳамл бахшида шудааст. Аввалин шуда дар шароити клиникӣ таъсири бемориҳои хлор ва пеститсидҳои фосфорорганикиро дар ташаккул ва инкишофи системаи «модар-ҳамроҳак-ҷанин» муайян намуд. Муаллифи қариб сад мақола 7 пешниҳоди навоварона аст.[2]

  • Витамин А в питании сельского населения Южного Таджикистана. – Ташкент, 1962;
  • Обмен витаминов В1, В2, В3, С,А,Д при нормальной и осложненной гипохромой железодефицитной анемией беременности: Дисс…доктора мед. наук. – Д., 1971.
  • Становление регуляции репродуктивной системы девушек подвергающих воздействию пестицидов в антенатальном периоде.//Материалы Российского форума "модар и дитя" - М.,2003. ва диг.[2]

Ҷоизаҳо

вироиш
  • ордени «Дӯстӣ»
  • медали «Собиқадори меҳнат».