Муин Ғафуров

муҳориби муҳорибаҳои омехтаи тоҷик, ҷудокор, қаҳрамони ҷаҳон оиди самбои муҳорибавӣ, чемпиони ҷаҳон дар грэпплинг

Муин Ғафуров (зод. 17 майи 1996, Душанбе, Тоҷикистон) — муборизи муборизаҳои омехтаи ҳунарҳои размӣ, аъзои дастаи мунтахаби миллии оид ба самбои муҳорибавӣ, ду карат чемпиони ҷаҳон аз самбо муҳорибавӣ (WCSF), чемпиони ҷаҳон аз рӯи грэпплинг (FILA), чемпиони ҷаҳони MMA (версичи WKA), ҷудукор, устоди варзиши Тоҷикистон дар дараҷаи байналмилалӣ дар самбои муҳорибавӣ [2].

Муин Ғафуров
Лақаб Таджик (тоҷик)
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Санаи тав. 17 май 1996(1996-05-17)[1] (27 сол)
Зодгоҳ
Қад 170 см
Категорияи вазнӣ 61 кг
Маснад 2013 — то ҳол
Тим TAJ-FIGHTER
Мураббӣ Аҳтам Хокиров
Усул MMA, самбои муҳорибавӣ, грэпплинг,
Дараҷаи устодӣ Устоди варзиши дараҷаи байналмиллалии Тоҷикистон
Омор дар муҳорибаҳои омехта
Ҷангҳо 16
Ғалаба 15
 • нокаут 8
 • таслим 7
 • хол 2
Мағлуб 2
 • хол 2
Омори муҳорибаҳо дар сомонаи Sherdog

Зиндагинома вироиш

Аз синни ҳафтсолагӣ вай ба сексияи футбол машғул буд. Аммо чаҳор амакбачаҳои ӯ мехостанд ӯро мубориз созанд ва аз ин рӯ ӯро ба омӯзиши самбо оварданд. Дар аввал, Ғафуров аксар вақт аз таълим барои футболбозӣ мегурехт, аммо пас аз муваффақиятҳои аввалин ӯ ба мубориза таваҷҷуҳ пайдо кард [2].

Соли 2014 дар мусобиқоти самбои муҳормбавии касбии «Ҳуҷуми форсӣ» Ғафуров қаҳрамони ҷаҳон дар кшу-санда Магомед Абдуллоевро мағлуб кард. Соли 2016, вай бо созмони Осиёии ONE Fighting Championship Team шартнома баст. Ӯро — намояндаи Лигаи самбои муҳорибавӣ ва ММА-и Тоҷикистон Аҳтам Хокиров тамрин медиҳад [2].

Соли 2018, ӯ дар мусобиқаи ҷуду дар Иёлоти Муттаҳида ғолиб омад [3].

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш