Самбо
Самбо (ихтисораи худмудофиъа бидуни аслиҳа) — як варзиши размии русӣ аст. Самбо як риштаи нисбатан ҷадиди размӣ маҳсуб мешавад, ки дар даҳаи 1920 дар Артиши сурхи Шӯравӣ ба манзури тақвияти тавоноии муборизаи тан ба тани сарбозон поягузорӣ шуд. Ин ришта бар фунуни греплинг ва партобӣ такя карда, аз фунуни партобӣ ва зарбаории чандин риштаи дигар, аз ҷумла ҷӯдуи ҷопонӣ, куштии озод ва сабкҳои маҳаллии куштии Осиёи Миёна ва Қафқоз таркиб ёфтаст.
русӣ: самбо | |
Таърихи таъсис | 16 ноябр 1938 |
---|---|
Кишвар | |
Падидоваранда | Anatoly Kharlampiyev[d], Vasili Oshchepkov[d] ва Viktor Spiridonov[d] |
Кишвари созанда | |
Вебгоҳи расмӣ | sambo.com |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишАнатолий Харлапиев, Виктор Спиридонов ва Василий Ошепков поягузорони самбо ҳастанд. Онҳо ду сабки мутафовитро поягузорӣ карда буданд, ки дар ниҳоят бо якдигар омехта шуда ва самбо ном гирифтанд, ки номи ихтисории як таъбири русӣ ба маъни «муборизаи бидуни силоҳ» аст. Ошепков дар соли 1937 дар ҷараёни таъқибҳои сиёсии даврони Сталин муттаҳам ба ҷосусии барои ҷопониҳо шуда ва ба зиндон афтод ва дар зиндон вафот кард. Ӯ бештари умри худро дар Ҷопон гузаронда ва ҷӯдуро зери назари Ҷигоро Кано бунёнгузори риштаи ҷӯду омӯхта буд. Аммо сабки Спиридонов дар муқоиса бо сабки Ошепков нармтару мулоимтар буд ва таъкиди камтаре бар қудрати баданӣ дошт ва ин худ то ҳадде ба далели ҷарроҳоти амиқе буд, ки Спиридонов дар ҷараёни Ҷанги ҷаҳони аввал бардошта буд. Анатолий Хорломпиев, ки аз шогирдони Ошепков буд, маъмулан бунёнгузори самбо номида мешавад. Ин ришта дар сол 1938 ба унвонии як варзиши расмӣ мавриди таъйиди комиссияи варзишии Иттиҳод Ҷамоҳири Шӯравӣ қарор гирифт.
Федеросиюни байналмилалии самбо
вироишФедератсияи байналмилалии самбо (FIAS)ном дорад, ки ба унвони узве аз Иттиҳодияи ҷаҳонии федератсияҳои варзишӣ (GAISF) намояндагии самбо дар саросари ҷаҳонро бар ӯҳда дорад. Самбо таҳти қавонини (FIAS) бахше аз бозиҳои ҳунарҳои размии ҷаҳон аст.
Қавоиди самбо
вироишДар рақобатҳои самбо хафт гурӯҳи синну сол мавҷуд аст, ки дар чадвали зер нишон дода шудаанд. [1]
Гурӯҳ | Синну сол |
---|---|
Наврасони ҷавон | 11-12-сола |
Наврасони калонсол | 13-14-сола |
Кадетҳо | 15-16-сола |
Чавонон | 17-18-сола |
Ҷавонон | 19-20-сола |
Калонсолон | 18-сола ва калонтар |
Устодон | 35-сола ва калонтар |
Варзишкорони машҳури самбо аз Тоҷикистон
вироишҶумҳурии Тоҷикистон дар риштаи куштии самбо шомили беҳтарин дастаҳои ҷаҳон аст. Машҳуртарин варзишкорони самбои тоҷик: Сайидмуъмин Раҳимов (аввалин қаҳрамони самбои ҷаҳон аз Тоҷикистон; 1975), Хоҷазода Беҳрӯз (қаҳрамони самбои ҷаҳон; 2017), Хушқадам Хусравов (қаҳрамони самбои ҷаҳон; 2018), Акмалиддин Каримов (қаҳрамони самбои ҷаҳон; 2021), Набимуҳаммад Хоркашов (5 карат ноиб-қаҳрамони самбои ҷаҳон), Хайрулло Назриев (қаҳрамони самбои Бозиҳои осиёӣ) ва дигарон.
Дар санъат
вироиш- Мағлубнопазир як филми моҷароҷӯёнаи шӯравӣ дар соли 1983 аст. Коргардон Юрий Боретский, ки Андрей Ростоцкий мебозад .
- Роҳ як филми амалиётӣ аст, 2009, Русия. Режиссёр Владимир Пасичник.
- Ғалабаи равшан - филми бадеӣ, 2012. Режиссёр Георгий Шенгелия.
- Гурбаҳои сиёҳ - силсила, филми амалиётӣ, 2013, Русия. Режиссёр — Евгений Лаврентьев.
- Ҷон Вик: Боби 2 - Амал, 2017, ИМА. Режиссёр Чад Стахельски.
Инчунин
вироиш- Пешгузаштагони бевоситаи самбо
- Ҷуду
- Самоз - системаи Спиридонов, ки то муттаҳидшавии самоза бо тарзи озоди дзю-до вуҷуд дошт (Ощепков)
- Дигар
- Акватлон — советская борьба в воде
- Смешанные боевые искусства
- Джиу-джитсу
- Бразильское джиу-джитсу
- Немецкое дзю-дзюцу
- Борьба
- Грэпплинг
- Сабмишн[en]
- Самбоуд