Мулло Муҳаммадсолеҳи Бадахшонӣ

Мулло Муҳаммадсолеҳ Мухлисии Бадахшонӣ (асри XVII) — шоири форс-тоҷик.

Мулло Муҳаммадсолеҳи Бадахшонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар охири асри XVI ва аввали асри XVII умр ба сар бурдааст. Дар Қундузи Бадахшон таваллуд ёфта, барои таҳсили улуми расмии давр ба Бухоро меояд.

Мухлисӣ марди фозилу донишманд ва аз илми шеър бохабар буд. Аз ӯ якчанд ғазалу порчаҳои ҷудогонаи насри бадеӣ тавассутп тазкираву манбаъҳои адабӣ то замони мо расидаанд, вале, мутаассифона, девонаш дастрас нагардидааст. Ғазалҳои Мухлисӣ дар мавзӯъ ва мазмунҳои ишқӣ суруда шудаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Мухлисӣ / А. Ҳабибов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).