Мулло Нуров (Нуров Ёрмаҳмад Нурмаҳмадович; 8 марти 1936, Шайнаки Гадо, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 2 декабри 1992, Тоҷикистон) — майори милиса[1], бозраси БДА ва яке аз намодҳои Душанбе[2] дар замони шӯравӣ.

Мулло Нуров
Сурат
Таърихи таваллуд 8 март 1936(1936-03-08)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 декабр 1992(1992-12-02) (56 сол)
Маҳалли даргузашт

Зиндагинома вироиш

Ӯ 8 марти 1936 дар рустои Шайнаки Муллогадои ноҳияи Ҳисор севумин писар дар хонаводаи Нурмаҳмад Нуров ба дунё омадааст[3]. Падараш номи ӯро Ёрмаҳмад гузошт. Писари боҳушу доно бузург шуд. Падараш дар хона ҷувози равғанкашӣ дошт, ӯ дар ин кор падарашро ёрӣ мекард ва дар лаҳзоти истироҳат аз ӯ дарси хондани Қуръон мегирифт. Дар ҳаштсолагӣ Ёрмуҳаммад бештаре аз оёти Қуръонро азёд кард, ки боиси ба худ гирифтани номи дувумаш — Мулло гардид[4] ва ӯ то поёни умр бо ин ном зиндагӣ кард[3].

Ба гуфтаи бастагонаш, ӯ аз кӯдакӣ шефтаи мошинҳо буд ва орзу дошт, ки ба унвони ронанда кор кунад[5]. Дар даҳаи 1950 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуд. Ӯ дар Қазоқистон, дар мавзеъҳои мушакии Байконур хидмат кардааст. Ба гуфтаи худи Нуров, дар артиш ронандаи «падар»-и мушаксозони ИҶШС Сергей Королев буд ва ҳамзамон ба ӯ муяссар шуд, ки фазонавардони машҳур, аз ҷумла Валентина Терешковаро аз наздик бубинад[6].

Эзоҳ вироиш

  1. Мулло Нуров. Кино-Театр.Ру. 10 августи 2022 санҷида шуд.
  2. Барот Юсуфӣ. Мулло Нуров – рамзи Душанбеи осуда(тоҷ.). Радиои Озодӣ. Озодӣ (13 сентябри 2011). 10 августи 2022 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 Честный гаишник – это не миф. Рассказ о самом справедливом инспекторе ГАИ Таджикистана. asiaplustj.info. ASIA-Plus (10 ноябри 2019). 10 августи 2022 санҷида шуд.
  4. Как жил и погиб самый честный гаишник СССР, которого до сих пор вспоминают в Таджикистане. Культурология. 10 августи 2022 санҷида шуд.
  5. Christian Mamo. Mullo Nurov, the most honest cop in the Soviet Union(англ.). Emerging Europe (26 June 2021). 10 августи 2022 санҷида шуд.
  6. История Мулло Нурова — самого честного гаишника СССР, который оштрафовал даже свою жену(рус.). БигПикча НОВОСТИ В ФОТОГРАФИЯХ (4 апрели 2022). 10 августи 2022 санҷида шуд.