Мулло Садро
Садриддин Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ (форсӣ: صدرالدین محمد بن ابراهیم قوام شیرازی), маъруф бо номи Мулло Садро (форсӣ: ملاصدرا; 1571[1], Шероз — 1641[2], Басра) — ҳакими мутааллиҳ ва файласуфи эронии садаи ёздаҳуми ҳиҷрии қамарӣ ва бунёнгузори ҳикмати мутаолия аст. Корҳои ӯро метавон намоишдиҳандаи навъе талфиқ аз ҳазор сол тафаккуру андешаи исломӣ пеш аз замони ӯ ба ҳисоб овард. Бисёре аз марокизи илмӣ дар шаҳрҳои Эрону ҷаҳон ва номи бархе аз хиёбонҳои шаҳрҳо ҳамчун Шероз, Теҳрон, Машҳад, Исфаҳон, Қазвин ва Язд ба номи ин файласуф аст.
Таърихи таваллуд | 1571[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1641[2] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа ва тасаввуф |
Шогирдон | Hussein ibn Ibrahim Tonekaboni[d] ва Mulla Hamzah Gilani[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишМулло Садро дар рӯзи нуҳуми ҷумодулаввали соли 979 қамарӣ (ҳабдаҳуми меҳри 950 баробар ба соли 1571 мелодӣ) дар Шероз ва дар маҳаллаи Қивом зода шуд ва ӯро Муҳаммад номиданд. Ба ривояте, падари ӯ хоҷа Иброҳими Қивом марде донишманд ва вазири фармондори Порс — Муҳаммад Мирзо, ки баъдҳо ба шоҳ Муҳаммади Худобанда маъруф шуд, буд ва Садруддин Муҳаммад танҳо фарзанди ӯ ҳосили як дуо буд. Ба бовари Ҳенрӣ Карбун, хоҷа Иброҳим бозаргон буд ва ба хариду фурӯши марворид, шакари бангола ва шоли кашмирӣ мепардохт. Вай ҳар гоҳе барои ба даст овардани марворид ба Мағоси луълуъ дар Баҳрайн мерафт.
Иброҳим Қивом дар оғоз Муҳаммади кӯчакро ба мактабхонаи Мулло Аҳмад дар маҳаллаи Қивом бурд. Муҳаммад ду сол дар ин мактабхона хондану навиштан ва қироати Қуръонро фаро гирифт. Сипас ӯро ба як муаллими хонагӣ ба номи Мулло Абдурразоқи Абарқаввӣ сипурданд, то ба Муҳаммад сарфу наҳв биёмӯзад.
Ду пешомад сабаби вақфа дар таҳсили Муҳаммади навҷавон шуд, яке вафоти мулло Абдурразоқи Абрқувваӣ буд, ки Муҳаммад навҷавонро дар марги устоди худ сӯгвор кард ва дигар вафоти шоҳ Таҳмосби якуми Сафавӣ ва ба подшоҳӣ расидани шоҳ Исмоили дувуми Сафавӣ, ки сабаби ноамнии Эрон, аз ҷумла Шероз гашт ва Иброҳим Қивом аз бими ҷон хонаводаи худро аз Шероз ба амирнишинҳои ҷануби халиҷи форс кӯчонд.
Пас аз марг ё кушта шудани шоҳ Исмоили дувум ва бо ба фармонравоӣ расидани шоҳ Аббоси якум даврони ҳарҷумарҷ ба поён расид ва Иброҳим ва хонаводааш ба Шероз бозгаштанд. Муҳаммад ба фармони падараш ба Басра рафт ва дар ҳуҷраи бозаргони шерозӣ ба номи Юсуфи Байзовӣ, ки падараш бо ӯ қарордоди бозаргонӣ баста буд, ба кор машғул шуд.
Се моҳ пас аз он, Иброҳим Қивом ба диёри боқӣ шитофт ва Муҳаммади сӯгвор ногузир ба Шероз бозгашт ва ба гардондани ҳуҷраҳои бозаргонии падараш пардохт.
Осор
вироиш- «ал-Ҳикмату-л-мутаъолия» (Асфар), 9 ҷилд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 LIBRIS — National Library of Sweden, 2012.
Адабиёт
вироиш- Мухаммад Таги Сохраби-фарр. Разум и любовь. Очерк жизни и идей Муллы Садры Ширази. — М.: Феория, Дизайн. Информация. Картография, 2010. — 128 с. — ISBN 978-5-91796-004-3.
- Наср, Сейид Хоссейн. Садр Ад-Дин Ширази и его трансцендентальная теософия / научн. ред. Яниса Эшотса. — Садра, 2014. — 128 с. — ISBN 978-5-906016-15-7.
- Саид Рахимийан. Мулла Садра и «Теология Аристотеля» / Перевод с персидского Яниса Эшотса // Ишрак: ежегодник исламской философии. — М. : Наука — Вост. лит., 2017. — № 8. — С. 24—33. — 391 с. — 500 экз. — ISBN 978-5-02-039808-5.
- Риза Акбарийан и Тайиба Карами. Единое Плотина и необходимо-сущее Муллы Садры: опыт сравнительного анализа // Ишрак: ежегодник исламской философии. — М. : Наука — Вост. лит., 2017. — № 8. — С. 61—71. — 391 с. — 500 экз. — ISBN 978-5-02-039808-5.