Мулоқанд Олимов (тав. 7.07.1956, ноҳияи Рӯдакӣ) — олим, риёзидон, номзади илмҳои физика-математика (1994), дотсент (2001).

Мулоқанд Олимов
Мулоқанд Олимов
Таърихи таваллуд 2 июл 1940(1940-07-02) (84 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1973–1977 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1977–1980 муаллими математикаи мактаби миёнаи № 179 ноҳияи Ленин, 1980–1991 ассистент, 1991–1995 муаллими калон, 1995– 2001 иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи алгебра в назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2001 дотсент ва аз соли 2004 мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 90 корҳои илмӣ ва илмию методӣ аст.

  • Ҳалли мисолу машқҳо бо ёрии ҳисобкуниҳои матритсавӣ. Қ.1, Д., 2005;
  • Ҳалли мисолу машқҳо бо ёрии ҳисобкуниҳои матритсавӣ. Қ. 2, Д., 2010;
  • Алгебраи матритсаҳо ва векторҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.

Пайвандҳо

вироиш