Муминобод
Муминобод — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 31 км. Аҳолиаш 1762 нафар (2010), тоҷикон. Аз 173 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, 40 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4 мағоза, 1 чойхона ва масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Деҳаи Муминобод | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Мискинобод |
Аҳолӣ | 1762 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 173 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.