Муми занбӯри асал
Муми занбӯри асал — моддаи равғанмонандест, ки дар ғадуди махсуси занбӯри асал ва баъзе ҳашароти дигар ҳосил мешавад.
Таркиб
вироишМуми занбӯри асал аз омехтаи эфирҳои мураккаб (то 75%), кислотаҳои холиси карбон, карбогидридҳои ҳаднок иборат буда, ба миқдори зиёд витамини А дорад. Массаи хосаш 0,956—0,969, дар 62—72°С об мешавад. Дар эфир, хлороформ, бензол, бензин, равғани скипидар нағз ҳал мешавад, дар об ҳал намешавад. Занбӯри асал лонаи худро аз мум месозад.
Корбурд дар тиб
вироишДар тиб муми занбӯри асали тозаро барои тайёр кардани равғанҳои молидани ва ғайра истифода мебаранд.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.