Мундариҷа
Мундариҷа феҳрасти унвонҳои матолиби як китоб ё маҷалла мебошад, ки маъмулан дар сафаҳоти охир ва ё ин ки аввали китоб меояд. Унвони матлаб дар шакли комил бо овардани шумораи сафҳае, ки матлаб аз онҷо шурӯъ мешавад, тартиб меёбад. Он рӯйхати пайдарпайи қисмҳо, бахшҳо, бобҳо, параграфҳо ва ғайраро пешниҳод мекунад.
Мундариҷа ҷустуҷӯи матолибро барои хонанда осон мекунад ва инчунин ба хонанда маълумот медиҳад, ки китоб ё маҷалла шомили чӣ мавзуоте мебошад. Мунариҷа вазифаи таблиғи матолибро низ иҷро мекунад.