Мунира Дониёрова
Мунира Муҳаммадқуловна Дониёрова (Нарзиқулова) (22.02.1947, Душанбе) — энтомолог. Номз. илмҳои биология (1974). «Аълочии кооператсияи матлубот» (2010). Фарзанди академик Муҳаммадқул Нарзиқулов.
Зодгоҳ | Самарқанд |
---|---|
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Зиндагинома
вироишМунира Дониёрова дар фак. биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин то соли 1968 таҳсил карда бо сабаби оилавӣ ба бахши биол. фак. табиатшиносӣ ва ҷуғрофияи ИПЛ (ҳоло – ДДХ) гузашта, онро соли 1969 хатм кардааст. Муаллими ҳамин факулта (1969–70), асп. ИЗиП ба номи акад. Е.Н.Павловский (1970–73), ходими илмӣ, ходими калони илмӣ (1973–83). Дар мавзӯи «Ширинчаҳо – зараррасонҳои рустаниҳои шифобахши Осиёи Марказӣ» рисолаи номз. ҳимоя кардааст. Ассис. каф. биол. тиббӣ ва генетика (1983–89), дотсенти каф. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1990–1991), муд. каф., ҳон. дек. фак. тиббии ДДХ (1991–95), муд. каф., ҳон. дек. фак. тиббии филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар Хуҷанд (1995–2001). Аз с. 2001 – дотс. ДИС (Донишкадаи иқтисод ва савдои назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон) аз фанни экология.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмии соҳавӣ, кит. дарсӣ ва раҳнамои таълимӣ-методӣ доир ба биол. тиббӣ ва генетика, экология, муҳофизати муҳити зист, аз ҳумла мон. «Фаунаи Тоҷикистоникистон», асарҳои «Таърихи истифода бурдан ва хусусиятҳои шифобахшии гиёҳҳо ва рустаниҳои хушбӯй» (2001), «Абӯалӣ ибни Сино ва фитотерапияи муосир» (2007), «Масъалаҳои дарозумрӣ аз «Авасто» то замони имрӯза» (2007), «Аҳамияти низоми кредитии таҳсилот дар ташаккулёбии маданияти экологии донишҷӯён» (2008), «Генетикаи никоҳи хешутаборони наздик» (2015), роҳнамоҳои «Экология» (2015), «Биология» (1992), «Маҷмӯаи саволҳои тестӣ аз фанни биология барои дохилшавандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» (2004), «Вечная слава воде» (2010), «Экологические проблемы Сарезского озера и ледника Медвежий» (2003), «Экологические аспекты крызиса Аральского моря» (2009) ва ғ.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6