Муҳаммадқул Нарзиқулов

Муҳаммадқул Нарзиқуловдоктори илмҳои биологӣ (1958), профессор (1961), Академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1966). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1980). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1984)..

Муҳаммадқул Нарзиқулов
Муҳаммадқул Нарзиқулович Нарзиқулов
Таърихи таваллуд 10 июл 1914(1914-07-10)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 9 ноябр 1985(1985-11-09) (71 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Университети давлатии Самарқанд, Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Самарқанд
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино‎ (1981), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1980), ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома

вироиш

Муҳаммадқул Нарзиқулов соли 1937 факултаи биологияи Университети давлатии Самарқандро хатм карда, дар аспирантураи он хондааст (1937-1940). Ходими илмии филиали тоҷикистонии Институти зоология ва паразитологияи АИ СССР (1941-1942), Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1942-1943). муаллими калони Институти педагогии Самарқанд ва Университети давлатии Самарқанд (1944-1946), ходими калони илмии шуъбаи биологияи филиали тоҷикистонии АИ СССР, директори Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951-1967, 1971-1985), саркотиби илмии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1967-1971) кор кардааст. Ӯ соли 1985 дар Душанбе оламро падруд гуфтааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Таҳқиқгари барҷастаи олами ҳашароти Тоҷикистон ва умуман Осиёи Миёна эътироф шудааст, дар дарёфти роҳҳу воситаҳои муҳофизати биологии ниҳоли пахта аз ҳашароти зараррасон саҳми босазо гузоштааст. Дар ин самт бори аввал ба ҳисоб гирифтани омилҳои экологиро ба миён гузошт, ҳашароти фоидабахши биосенози пахтазорро таҳқиқ карда, ба афзоиши ҳашароти зараррасон монеъ гардидани онро собит сохт. Ҳамчун энтомолог ба масъалаи тартиб, сохт ва муносибати мутақобилаи ҳашарот дар агробиосенози пахтазор диққати хос дода, усулҳои ҷадиди мубориза бо зараррасонҳои хоҷагии халқ муайян намуд, ки дар хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз санҷиш гузашта, фоидаи иқтисодӣ овардаанд.[1]

  • К проблеме изучения афидофауны Зеравшанской долины. – Самарканд, 1941; Ширинчаҳои пахта ва чораҳои мубориза ба муқобили онҳо дар Тоҷикистон. – Сталинобод, 1944;
  • Таълимоти Мичурин ва аҳамияти он дар хоҷагии қишлоқи кишоварзӣ. – Сталинобод, 1950;
  • Тли-вредители садов и меры борьбы с ними. – Сталинабад, 1952;
  • К фауне тлей в Средней Азии. – Самарканд, 1954;
  • Тли Вахшской долины. – Сталинабад, 1954;
  • Тли Вахшской долины и научные основы борьбы с вредными видами. – Сталинабад, 1954;
  • Борьба с тлями хлопчатника и люцерны. – Сталинабад, 1956;
  • Дендрофильные тли Западного Таджикистана (фауна, биология и зоогеография): Дисс… доктора биолог. Наук. – Ленинград, 1958;
  • Тли Таджикистана и сопредельных районов Средней Азии. – Д., 1969;
  • Ширинча ва мубориза бар зидди он. – Д., 1969;
  • Дин ва илм дар бораи пайдоиши инсон. – Д., 1970;
  • Вопросы зоологии Таджикистана. – Д., 1972.(соавтор);
  • Рекомендации по применению интегрированной системы борьбы с вредителями и болезнями хлопчатника в Таджикистане. – Д., 1976 (соавтор);
  • Основы интегрированной защиты хлопчатника от вредителей и болезней в Средней Азии. – Д., 1977;
  • Рекомендации по применению биологических средств в интегрированной системе защиты хлопчатника от вредителей. – Ташкент, 1978 (соавтор);
  • Охрана природы – неотложенная задача современности. – Д., 1979;
  • Илм ва дин дар бораи пайдоиши одам. – Д., 1982;
  • Фауна Таджикской ССР. – Д., 1990.(соавтор).

Мукофот

вироиш
  • Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • ду ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • медалҳои «Барои шуҷоат»,
  • «Барои меҳнати шоён»,
  • «Бистсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,* Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1980),
  • Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1984),
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.[2]

Адабиёт

вироиш
  • Мухаммедкул Нарзикулович Нарзикулов. Материалы к библиографии ученых Таджикистана. – Д., 1984.

Сарчашма

вироиш
  1. Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с. 92
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.

Пайвандҳои беруна

вироиш