Мунира Шаҳидӣ
Мунира Шаҳидӣ ( 22 марти соли 1943, шаҳри Душанбе) — олими шарқшинос, санъатшинос, тарҷумон, номзади илмҳои филологӣ (1972).
Мунира Шаҳидӣ | |
Таърихи таваллуд | 22 март 1943 (81 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | КМ ЛКСМ Тоҷикистон, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Осорхонаи ҷумхуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Зиндагинома
вироишМунира Шаҳидӣ 22 марти соли 1943 дар шаҳри Душанбе) дар оилаи композитори тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ба дунё омадааст. Бахши англисии факултети забонҳои хориҷии ИДПС ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст (1964). Тарҷумони ширкати «Интурист» (1964-1966), директори бахши туризми байналхалқии ҷавонони шӯравӣ дар КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1966-1968). Лабор., ходими илмӣ, ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, (1968-2011). Сарвари Осорхонаи ҷумхуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ. Бо саъю кӯшиши ӯ осорхонаи ҷумхуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии З. Шаҳидӣ таъсис ёфтаанд, ки ҳадафи онҳо на фақат ҳифзи мероси эҷодии насли гузаштаи донишмандон ва аҳли ҳунар, балки бунёди равобити фарҳангии кишварҳои Шарқу Ғарб дар замони навини равобити фарҳангӣ мебошад. Ба ин хотир ӯ нашри маҷаллаи илмии «Фонус»-ро ба роҳ мондааст. С. 2004-2005 ба ҳайси эксперти ЮНЕСКО оид ба равобити байнифарҳангӣ фаъолият карда, узви Маркази тадқиқоти инсоншиносии Фаронса, узви Институти Шведсия (1996) интихоб шудааст. Ба кишварҳои Амрико, Британияи Кабир, Фаронса ва ғ. сафар карда, донишҷӯёни донишгоҳи онҳоро аз дастовардҳои олимон ва ҳунармандони тоҷик огоҳ менамояд. Узви Маркази тадқиқоти инсоншиносии Фаронса, узви Институти Шведсия (1996), узви Шӯрои ҷамъиятии ҶТ.
Фаъолияти илмӣ
вироишТаҳти роҳбарии академик Абдулғанӣ Мирзоев ва А.Е. Бертелс дар мавзӯи «Мақоми китоби чорҷилдаи Э.Г. Браун дар шинохти адабиёти форсии тоҷикӣ дар ҷаҳони имрӯз» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст (1972). Муаллифи беш аз 80 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла монографияи «Ибни Сино ва Данте», Д.,1986.[1]
Осор
вироиш- Ибни Сино ва Данте. - Д.:«Дониш»,1986
Пайвандҳо
вироиш- Торномаи Мунира Шаҳидӣ Бойгонӣ шудааст 25 феврали 2018 сол.
Манобеъ
вироиш- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013,— С. 159.— 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |