Мурзак-Коба
Мурзакоба, Мурзак-Коба — мағораи давраи мезолит дар Қрим, наздикии Севастопол.
Соли 1936 олимони шӯравӣ С. Н. Бибихов ва Е. В. Жиров кашф намуданд. Микролитҳо, устухони ҳайвонҳои намуди ҳозира, садафи бисёре, инчунин қабри мезолитии дунафараи (мардҳо ва занҳо) кроманониҳо ёфт шудаанд; ҷасадҳо рост рӯ ба боло дар чуқурӣ гӯронида шудаанд. Буғуми охири ангуштони занҳо дар вақти барҳаёт буданаш бурида шудааст (одати маъюбкунӣ).
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- Одамони даврони мезолит Бойгонӣ шудааст 17 феврали 2009 сол.(рус.)
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.