Мурид
Мурид (ар. مريد — шогирд) — солики тариқатро гӯянд, ки аз муршид дасти иродат гирифта, ба маърифати ирфонӣ мепардозад.
Қадами аввал ва зарурии сӯфӣ дар тариқат интихоб намудани пиру устоди худ мебошад. Вақте ӯ муршиди худро интихоб кард, солик ном мегирад ва ба тавба мепардозад. Баъд ба ибодату зикри забонӣ мегузарад. Сипас солик барои ахлоқи разила ва баҳимии худро дур кардан ба тазкияи нафс мепардозад ва зимни он марҳилаҳои нафси амора, лаввома, муҳмала ва мутмаинаро тай мекунад. Марҳилаи минбаъда тасфияи қалб ба воситаи касби сифоти ҳамида сурат мегирад. Муносибати муридӣ ва муршидӣ итоаткории аввалиро ба охири талқин мекунад, ки зимни он рӯҳу сафо ва нуру зиёи солик зиёд мешавад. Ба воситаи таҷлили рӯҳ солик аз касрат озод шуда ба сӯи ваҳдат мешитобад ва баъди мушоҳидаи он аз ҳуд фонӣ шуда ба худ боқӣ мегардад. Пас мурид баъди иршоди пир ҳақиқатеро ҳис мекунад, ки пеш барои эҳсоси он оҷизӣ мекашид, ва минбаъд ин муносибати тарафайнро бо ёрии муршидаш бештару мустаҳкамтар менамояд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абдулҳусайни Зарринкӯб. Ҷустуҷу дар тасаввуфи Эрон. — Д.: Ирфон, 1992. — С. 374. — 398 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи ислом аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |