Муродалӣ Ашӯралиев

Муродалӣ Ашӯралиев  — омӯзгор, олим, номзади илмҳои педагогӣ (2007), дотсент (2010).

Муродалӣ Ашӯралиев
Ашӯралиев Муродалӣ Имомалиевич
Таърихи таваллуд 1 январ 1976(1976-01-01) (48 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент (2010)
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1993-1999)

Зиндагинома вироиш

Муродалӣ Имомалиевич Ашӯралиев 1 январи 1976 дар деҳаи Озодии Занони ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин) дар оилаи омӯзгор таваллуд гашта аст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 43 ноҳияи Рӯдакӣ ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, факултаи журналистика ва тарҷумонӣ дохил гашта, тайи солҳои 1993-1998 таҳсили худро давом додааст. Донишгоҳро бо ихтисоси рӯзноманигор-тарҷумони забони арабӣ хатм намудааст. Муродалӣ Ашӯралиев, солҳои 1999-2003 дар кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси унвонҷӯ ва ассистенти кафедра фаъолият намудааст. Моҳи августи соли 2004 ба кафедраи педагогикаи ДДОТ ба номи Қандил Ҷураев ба сифати муҳаққиқ-унвонҷӯ фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ бурдааст. Соли 2006 дар шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ходими илмӣ ва аз соли 2008 ба сифати ходими калони илмӣ ва аз моҳи январи соли 2014 то моҳи декабри соли 2016 дар шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналхалқӣ ба кори илмию таҳқиқотӣ машғул буд. Аз моҳи январи соли 2016 то имрӯз дар Колеҷи муҳандисию омузгории шаҳри Душанбе ба донишҷуёни ихтисосҳои туризм ба донишҷӯён дарс медиҳад. Ашӯралиев Муродалӣ Имомалиевич инчунин аз сентябри соли 2008 то ин ҷониб дар кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ба сифати устоди калон, дотсент (аз с. 2010) фаъолият намуда, аз фанни «Асосҳои меҳмоннавозӣ», «Асосҳои фаъолияти сайёҳӣ» ва «Ташкили хидматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо» ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Пайваста дар конфронсҳои анъанавии донишкада, конфронсҳои байнидонишгоҳию, ҷумҳуриявӣ бо мақолаҳою маърӯзаҳо иштирок ва баромад менамояд.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Ашӯралиев Муродалӣ Имомалиевич муаллифи бештар аз 50 мақолаҳои илмӣ, инчунин муаллифи 2 монография, 7 дастури таълимӣ-методӣ дар ҳаммуалифӣ ва 1 китоби дарсӣ мебошад, ки дорои аҳамияти назарӣ ва амалӣ мебошанд. 27 сентябри соли 2007 дар мавзӯъи «Тарбияти ахлоқии мактабиён дар суннатҳои педагогии мардуми тоҷик» дар Академияи илмҳои педагогӣ дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Осор вироиш

Китобҳо (Монографияҳо) вироиш

  1. Тарбияти ахлоқию маънавии мактабиён дар суннатҳои педагогии мардуми тоҷик. (Монография). Ашуралиев М.И. - Душанбе.: Ирфон, АПН РТ; НИИ педагогических наук Таджикистана, 2007. - 127с.
  2. Саноати меҳмондорӣ: ташаккул ва рушд. Монография.Ашуралиев М.И. - Душанбе: Ашуриён, 2016. - 150 с.

Китобҳои дарсӣ вироиш

  1. Таърих, ташаккул ва рушди соҳаи меҳмондорӣ. Китоби дарсӣ. Барои муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ. Мураттибон: Ашуралиев М.И., Зокирова З.С. - Душанбе.:ҶДММ Графика Принт, 2017. - 442с. ISBN 978-99975-878-4-8

Корҳои таълимӣ-методӣ вироиш

  1. Асосҳои маърифати шаҳрвандӣ. (дастури таълимӣ -методӣ). Мураттибон: Зиёзода Т.Н, Ҷононов С., Давлатов Ф.А., Солиев.Б.Х, Солиев Ш.Х.Ашуралиев М.И. - Душанбе: Ирфон, 2010. - 356 с.
  2. Шаҳрвандшиносӣ. (дастури таълимӣ -методӣ) Мураттибон: Зиёзода Т.Н, Ҷононов С.,Кунтувдый Н.А., Давлатов Ф.А., Солиев.Б.Х, Солиев Ш.Х. Ашуралиев М.И. - Душанбе: Ирфон, 2011. - 432с.
  3. Асосҳои меҳмоннавозӣ. (дастури таълимӣ - методӣ) Мураттибон: Ашуралиев М.И., Қодирова М.И. - Душанбе: Ирфон, 2012, 290с.
  4. Асосҳои меҳмоннавозӣ. (дастури таълимӣ -методӣ) Мураттибон: Ашуралиев М.И., Қодирова М.И. - Душанбе: Ирфон, чопи 2 бо тағйироту иловаҳо. 2013.- 303с.
  5. Технология ва ташкили хидматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо. (дастури таълимӣ - методӣ) Мураттибон: Ашуралиев М.И., Қодирова М.И. - Душанбе: Ирфон, 2013.- 420с
  6. Технология ва ташкили хидматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умум» (дастури таълимӣ -методӣ) Мураттибон: Ашуралиев М.И., Қодирова М.И. - Душанбе: Ирфон, 2014.- 276с
  7. Дастури методӣ барои навиштани кори (лоиҳаи) курсӣ барои ихтисосҳои барои ихтисосҳои 89010101 «Сайёҳат ва меҳмондорӣ», 26020210 «Менеҷменти туризми байналхалқӣ. Ашуралиев М.И. - Душанбе: Соҳибкор, 2016.- 24с

Пайвандҳо вироиш