Муродулло Амриллоев

Муродулло Амриллоев (Амриллоев Муродулло Амониллоевич; тав. 5 майи 1972, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — шашкабоз, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ (2007) аз байни тоҷикон, гроссмейстери Федератсияи Русия (1998).

Муродулло Амриллоев
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус шашка[d]
Зодрӯз 5 май 1972(1972-05-05) (52 сол)
Зодгоҳ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Академияи давлатии варзиши Урал (Федератсияи Русия; 2003). Чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон. Аз соли 1996 дар Ҷумҳурии мухтори Бошқирдистони Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунад. Чемпиони ҷаҳон оид ба шашкаи русӣ (1993), се карат чемпиони ҷаҳон оид ба бозии тези (блитс) шашкаи русӣ (1995, 2005, 2006), ду карат дорандаи Ҷоми чемпионҳои Европа (2000, 2001), ду карат ғолиби чемпионати клубии Европа оид ба шашкаи русӣ (2005, 2006), дорандаи чандин Ҷоми конфедератсияи Европа (2000 — 09), медалҳои биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон (2007, 2008) ва чемпионатҳои Европа (2009 — 10) оид ба шашкаи байналмилалӣ.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш