Мурод Муродӣ
Муродӣ Мурод Бердӣ (1 майи соли 1965 — рӯзноманигор, доктори илмҳои филология (2009), профессор (2010). Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009) ва барандаи ҷоизаи Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2010), дорандаи медали Хидмати шоиста (2018).[1]
Муродӣ Мурод Бердӣ | |
Таърихи таваллуд | 1 май 1965 (59 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих ва назарияи журналистика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009) ва барандаи ҷоизаи Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2010), дорандаи медали Хидмати шоиста (2018), омӯзгори беҳтарини ДМТ дар соли 2021. |
Зиндагинома
вироишМуродӣ Мурод Бердӣ 1-уми майи соли1965 дар деҳаи Кумарғи ноҳияи Айнӣ, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Таҳсили ҳамагониро дар мактаби рақами 1-и ҳамин ноҳия гирифтааст.
- Солҳои 1982-1983 дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 18–и ноҳияи Айнӣ ба сифати омӯзгор кар кардааст. Солҳои 1984 – 1986 дар сафи қувваҳои мусаллаҳ адои хидмат намудааст. Аз соли 1986 то соли 1989 дар фабрикаи Чарчинвории чармин (Душанбе) ва солҳои 1989-1992 дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 31-и шаҳри Душанбе дар вазифаи муаллими синфҳои ибтидоӣ ва забони тоҷикӣ барои синфҳои русӣ фаъолият намудааст. Соли 1992 шуъбаи шабонаи факултети филологияи ДДТ-ро бо дипломи аъло хатм кардааст.
- Солҳои 1992 – 1996 дар ДДМТ ба ҳайси аспирант ба пажӯҳиши илмӣ машғул гардида, солҳои 1996 – 1999 дар вазифаҳои ассистент, дотсент, муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ оид ба корҳои илм, тарбия ва таълим фаъолият намудааст. Аз соли 1999 то соли 2011 мудири кафедраи матбуоти ДМТ ва аз соли 2011 профессори ҳамин кафедра мебошад.
- Солҳои 2000 – 2002 ба вазифаи муовини сардабир ва солҳои 2002 – 2004 сардабири нашрияи «Қалам» будааст. Аз соли 2013 муҳаррири масъули маҷаллаи илмию таҳлилии «Паёмномаи фарҳанг»-ро ба дӯш дорад.
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 1996 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзуъи«Ташаккули жанри тақризи адабӣ дар матбуоти даврии тоҷик (1920-1940)» таҳти роҳбарии профессор В. Асрорӣ ҷамъбаст намуда, дар Душанбе рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Соли 2009 дар мавзӯъи «Публитсистикаи ҳаҷвии тоҷик (масъалаҳои таърих, назария ва амалия)» рисолаи докториро бомуваффақият дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ мушарраф гардидааст. Соли 2013 дипломи профессориро аз ВАК –и Россия соҳиб шудаааст. Самти фаъолияти илмии М. Муродов публитсистика, хосса публитсистика ҳаҷвӣ аст. Ӯ дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои гуногун аз осори фолклорӣ, адабӣ ва публитсистӣ омилҳо ва оҳангҳои воқеигароинаи ҳаҷвро пайдо карда ба ин минвол зиминаҳои пайдоиш ва ташаккули ин навъи публитсистикаро ба таври илмӣ муайан ва ба ин роҳ дар журналистикаи тоҷик аввалин шуда, истилоҳи публитсистикашиносиро дар консепсияи пажӯҳиши илмӣ ворид намудааст. Дар рисолаҳои илмӣ ва мақолаҳои ӯ масъалаҳои ташаккули ҳаҷви матбуот, пайдоиши аввалин маводи ҳаҷвӣ дар матбуоти даврӣ, хусусият, мавзӯъ ва мундариҷаи ҳаҷви публисистӣ дар давраҳои гуногуни инкишофи матбуоти даврӣ, нақш ва таъсири ҳаҷв дар мубориза бар зидди муносибатҳои номатлуби иҷтимоӣ ва амсоли ин мавриди таҳлил, муҳокима ва хулоса қарор гирифтааст. Ҳамчунин таҳқиқи ҷанбаҳои ҳаҷвӣ, бадеӣ ва публисистии предмети тадқиқ, таносуби бадеият ва воқеият дар он, роҳу усулҳо ва шаклу анвои эҷоди асарҳои ҳаҷвии публитсистӣ, махсусияти асари ҳаҷвии публитсистони алоҳида ба таври илмӣ ба риштаи таҳлил ва тадқиқ кашида шудааст. Ба ин тариқа то андозае маҳорати ҳачвнигории адибон С. Айнӣ, Б. Азизӣ, Ф. Муҳаммадиев публитсистон С, Ализода, Қ. Баҳлулзода, И. Файзуллоев, М. Боғирӣ ва дигарон ҳамчунин нақш ва саҳми онҳо дар ташаккул ва инкишофи ҳаҷвӣ публитсистӣ муайян гардидааст. Аҳамияти илмӣ ва амалии мавзӯоти тадқиқгардида дар он аст, ки дар публисистикашиносии тоҷик барои аввал ин масъалаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар натиҷаи тадқиқ, таҳлил ва баррасӣ, аз як тараф, паҳлуи ҷудогонаи навъи публитсистика ошкор гардид, аз сӯйи дигар дар роҳи шинохт ва этирофи ҳаҷви публитсистӣ асоси илмӣ ба вуҷуд омад. Муаллиф на танҳо ба масъалаҳои таърихӣ, балки ҷиҳатҳои назариявӣ, шаклҳои жанрӣ, таъсири байниҳамаи навъҳои ҳаҷвӣ ва амсоли инро низ муфассал баррасӣ ва бозгӯ мекунад. М. Муродов дар самти таълим низ усули хоса дорад. Тамоми фанҳои тадрисиашро бо маводи таълимӣ таъмин намуда, бо усулҳои фаъоли замонавӣ, мубоҳисаороӣ ва довариву ҳакамӣ мегузаронад, ҷанбаҳои назарии мавзӯъҳоро бо амалияи рӯзноманигорӣ пайванд медиҳад. Ӯ худ бо ВАО, хоса матбуоти даврӣ ҳамкории доимӣ дорад ва ҳамчун коршинос дар тавзеҳ, баррасӣ ва ҳалли қазияҳои касбӣ фаъолона иштирок менамояд. Таҳти роҳбарии М. Муродов 17 нафар (Зоҳирӣ М., Ҷӯраев М., Мухторова Ф., Шукруллоев Б., Рустамӣ К., Рафъатӣ М., Лекаркин И. Муҳаммад Ҷаъфар, М. Маҳмадова, С. Шарифов, М. Салим, Н. Охунзода, Г. Сайфиддинова, С. Ғоибов, М. Атоев рисолаи номзадӣ ва Мухторӣ Қ (рисолаи докторӣ) дифоъ намудаанд. Ҳамчунин ӯ чун узви Шӯрои диссертатсионии Д. 737.004.03 доир ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии назди ДМТ ва Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти тарбияи муҳаққиқони ҷавон бо маслиҳату раҳнамоиҳои судманди худ саҳмгузор аст.
Осори илмӣ
Муродӣ М. муаллифи беш аз 300 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 22 китоб мебошад, ки ҷустӯҷуйҳои илмиии ӯро фаро мегиранд. Аз ҷумла: «Тақриз ҳамчун жанр» (1999), «Ҳаҷви публисистӣ» (2003), «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист» (2004 ҳаммуаллиф), «Баъзе масъалаҳои журналистика ва ҳаҷви публисистӣ» (2005), «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист», (қ. 1. 2007), «Аз таърихи ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистӣ дар матбуоти даврии тоҷик» (2007), «Асосҳои фаъолияти эxодии журналист», (қ. 2. 2008), «Сотсиологияи журналистика», 2009, «Аз замон то замон» (2010), «Публицистическая сатира в таджикской периодической печати (проблемы истории, теории и практики), (2011), «Луғати мухтасари истилоҳот ва мафҳумҳои рӯзноманигорӣ» (2011), «Сотсиологияи журналистика» (2012), «Асосҳои эҷодии журналист» (2014), «Аз се шохаи як илм» (2014), «Публитсистикаи ҳаҷвӣ» (2015), Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ» (2016), «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» (2017), «Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон» (2018) (Бо ҳаммуаллифии А. Қутбиддинов, М. Ҷумъаев, Қ. Исоев) «Эъҷози эҷодкор» (2018), «Метод ва методологияи таҳқиқи илмӣ» (2019), «Краткая энциклопедия журналистики Таджикистана (с период возникновения до 40-х годов ХХ века) »(2020, с авторством Муллоев Ш.Б., Абдуллозода М. А.), «Публитсистикаи тоҷик» (2021), «Маълумотномаи матбуоти даврии тоҷик (1920-1930)» (2021, бо ҳаммуаллифии А. Азимов).
Мукофот ва ҷоизаҳо
вироишАълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014) барандаи ҷоизаи Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2010) ва дорандаи медали Хидмати шоиста (2018),омӯзгори беҳтарини ДМТ дар соли 2021.
. [2].
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ МУРОДОВ МУРОД БЕРДИЕВИЧ. 13 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 марти 2017.
- ↑ Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008