Мурод Собиров

омӯзгор, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

Мурод Собитҷонович Собиров (тав. 20.08.1962, ноҳияи Ашт) – омӯзгор, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент.

Мурод Собиров
Мурод Собитҷонович Собиров
Таърихи таваллуд 20 август 1962(1962-08-20) (62 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд, Дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои кишоварзӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Соли 1984 факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос, агроном

  • Солҳои 1984-1993 – ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ ва ходими калони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии хокшиносии Тоҷикистон
  • Солҳои 1993-1996 – сармуаллими кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 1996-1997 – муовини раиси хоҷагии кишоварзии ба номи Х. Назарови ноҳияи Ашт
  • Солҳои 1997-2002 – сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Ленинобод
  • Солҳои 2002-2003 - роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов
  • Солҳои 2004-2009 – сармутахассис, сардори шўъбаи Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд
  • Солҳои 2009-2010 – сармутахассиси раёсати ташкилии дастгоҳи вилояти Суғд
  • Солҳои 2010-2012 – сардори шўъбаи ташкилӣ-методии МНДСЭ-и вилояти Суғд
  • Солҳои 2012-2016 – сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
  • Аз декабри соли 2016 то ҳоло – мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров [1]