Муслима Боқиева
Муслима Боқиева (зод. 7 ноябри 1933, Бухоро — 22 ноябри 2016) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1971).
Муслима Боқиева | |
Таърихи таваллуд | 7 ноябр 1933 |
Зодгоҳ | Бухоро |
Таърихи даргузашт | 22 ноябр 2016 (83 сол) |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Зиндагинома
вироишСанъати сознавозӣ ва сарояндагиро аз падараш — ҳофиз ва танбӯрнавози машҳур Солеҳ Боқиев омӯхтааст. Аз соли 1946 дар Душанбе зиндагӣ мекард. Сарояндагиро ибтидо дар дастаи ҳунармандони Раёсати радиошунавонии Тоҷикистон оғоз намуда, аз устодони мусиқӣ Фазлиддин Шаҳобов, Фозил Солиев, Зиёдулло Шаҳидӣ ва дигарон дарси маҳорат омӯхтааст. Аз соли 1953 сароянда ва баъд роҳбари Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев (ансамбли «Чаман») буд.
Эҷодиёт
вироишБоқиева сарояндаи пурэҳсос ва соҳибзавқ буд. истеъдоди хуб ва овози софу ширадор дошт. Дар иҷрои сурудҳои халқию классикии тоҷикӣ маҳорати тамом дошта, сурудҳои русӣ, озарӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, молдавӣ, қирғизӣ, афғонӣ, эронӣ, арабӣ ва туркиро хуб мехонд. Сурудҳои «Эй машъали Шарқ» (шеъри М. Турсунзода, оҳанги халқ), «Пойтахти ман» (шеъри Б. Раҳимзода, оҳанги З. Шаҳидӣ), «Духтари самарқандӣ» (шеъри Б. Фаррух, оҳанги С. Ҳамроев), «Ба Ватан» (шеъри Ҳ. Юсуфӣ, оҳанги халқ), «Ёрӣ надорӣ» (шеъри Воқиф, оҳанги Ф. Одинаев), «Гул ба боғ» (шеъри Зебуннисо, оҳанги Ф. Солеҳов), «Сабзинаранг» (халқӣ) ва ғ. аз беҳтарин сурудаҳои ӯ мебошанд. «Қӯшчинор» (ғазалиТуғрал), «Баёти 5» (ғазали Рӯдакӣ), «Қашқарчаи Савти Наво» (ғазали Ҳилолӣ), «Чоргоҳ» (ғазали Камоли Хуҷандӣ) ва дигар сурудҳои классикӣ дар иҷрои ӯ садо додаанд. Боқиева дар сурудҳояш Ватан, меҳнату суботкориҳо ва бахту саодати мардумро тараннум кардааст. Дар ҳайати Ансамбли рубобчизанон ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Эрон (1957), Афғонистон (1963, 1973) ва Австрия (1961) сафарҳои ҳунарӣ намудааст. Боқиева иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1957) ва Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар Москва (1957) мебошад.
Ҷоизаҳо
вироишБарои хидматҳои шоёнаш дар рушди мусиқии тоҷик бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 44 ISBN 978-99947-49-13-3
Адабиёт
вироиш- Боқиева Муслима // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.