Муслиҳуддини Лорӣ
Муслиҳуддин ибни Салоҳуддини Лорӣ (ар. مصلح الدين اللاري; дарг. 1572) — риёзидон, ахтаршинос, таърихнигор ва шоири форс тоҷик, муаллифи «Миръоту-л-адвор ва мирқоту-л-ахбор».
Таърихи даргузашт | 1572 |
---|
Зиндагинома
вироишАз мардуми Лори Форс буда, дар зодгоҳаш илмҳои расмии давр, аз ҷумла дар назди Мир Ғиёсуддин Мансури Шерозӣ (фавт 1542) риёзиётро омӯхтааст. Пас, ба Ҳиндустон рафта, ба хидмати Ҳумоюн (ҳукмронӣ 1530-39) дохил шуд. Муслиҳуддин Каломии Лорӣ аз рафиқони Мирзоҳусайни Арғун — ҳокими Тҳатта буд. Баъдан аз он ҷо ба Ҳиҷоз сафар кард, вале киштӣ ба тӯфон дучор омад ва Муслиҳуддин Каломии Лорӣ бо заҳматҳои бисёр ба Истанбул расид. Дар Истанбул хидмати дарбори ҳукмрони шаҳрро ба уҳда гирифт.
Аз Муслиҳуддин Каломии Лорӣ мероси адабии манзуму мансур боқӣ мондааст. Осори манзуми ӯ асосан аз қасидаву ғазал иборат буда, дар мавзӯъҳои ишқ, панду ахлоқ, мадҳ ва ғ. суруда шудаанд. Ба ашъори ӯ шоирони машҳури давраш Ҳаким Шифоии Исфаҳонӣ, Урфии Шерозӣ ва дигарон ҷавоб гуфтаанд. Якчанд рисолаи шарҳу ҳошияҳо ва китобе оид ба таърихи умумибашарӣ — «Миръоту-л-адвор ва мирқоту-л-ахбор» (иборат аз муқаддима ва 10 боб) аз таълифоти мансури ӯ мебошанд.
Абёти зер аз ӯст:
Чи сабзаест, к-аз он рӯи оташин бархост,
Кӣ дида сабза аз оташ, ки инчунин бархост?
Кадом моҳ ба шакли ту дилфурӯз омад?
Кадом сарв ба мисли ту нозанин бархост?
Шаби фироқи ту аз хуни дидаам доман
Чунон пур аст, ки натвонам аз замин бархост.
Ба ростӣ чу қади дилкаши ту ном гирифт,
Нишони ростӣ аз сарви ростин бархост.
Ба хоки роҳи ту дар орзуи дидорат
Нишаст шод Каломӣ, вале ҳазин бархост.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Sohrweide (1986). "al-Lārī". In Bosworth, C. E.. Encyclopaedia of Islam. Volume V: Khe–Mahi (2nd ed.). Leiden: E. J. Brill. ISBN 978-90-04-07819-2. https://referenceworks.brillonline.com/entries/encyclopaedia-of-islam-2/al-lari-SIM_4644.
- Каломии Лорӣ // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.
- Каломии Лорӣ / С. Асадуллоев // Калим — Работ. — Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). — ISBN 5-89870-001-3.