Мусобиқаи аспдавонӣ
Мусобиқаи аспдавонӣ (форсӣ: مسابقه اسبدوانی) ба масофаҳои гуногун, ки қувват ва давандии аспро месанҷанд. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, пойга аз қадимулайём маълум ва машҳур аст. Чобуксавороне, ки дар пойга иштирок мекунанд, бо ишора ба сӯи марра асп медавонанд. Ғолибон мукофотонида мешаванд. Пойга асосан дар рӯзҳои ид ва тӯй, дар ҷойҳои ҳамвор гузаронида мешавад, дар теппа ва бораҳои атроф хайма ва чодарҳои рангоранг зада, таомҳои ҳархела мепазанд. Дар пойга асосан ҷавононе иштирок мекунанд, ки аз хурдсоли аспсавориро омӯхтаанд.
Пойга чанд хел мешавад:
- Пойгаи ҳамворӣ дар ҷойҳои ҳамвор, дар пайраҳаҳои ипподром ба масофаи 1000 - 4000 метр;
- Пойгаи маҳдуд аз рӯи қоида дар пайраҳаҳое, ки садҳои осонгузар доранд, ба масофаи 2000 - 3000 метр; дар пайраҳаҳое, ки садҳои мушкилгузар доранд, ба масофаи 4000-7000 метр;
- Пойга-кроссҳо дар ҷойҳои пасту баланд ба масофаи 3000-8000 метр ва ишораи аспакӣ (шикор бо саг) ба масофаи то 35 км гузаронида мешавад.
Пойга ба барномаҳои варзишии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна дохил карда шудааст[1].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Пойга, Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 6. - Душанбе, 1986, с. 15,