Модест Мусоргский

(Тағйири масир аз Мусоргский)

Модест Петрович Мусоргский (1839-1881) — композитори бузурги рус.

Модест Мусоргский
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 9 (21) март 1839[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 (28) март 1881[2][3][1] (42 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1852
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, пиёнунавоз, либреттонавис, ходими низомӣ
Соз фортепиано
Сабк намоишнома[d], мусиқии килоссик[d] ва опера
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Саводи мукаммали мусиқӣ нагирифта буд, вале дар солҳои бачагиаш дар фортепиано таълим гирифта, ба эҷоди мусиқӣ шурӯъ намуда аст. Бо анъанаи оилавӣ ӯро ба мактаби гвардиявӣ супорида буданд. Дар охири солҳои 50-ум М. бо А. Даргомижский ва М. Балакиров шинос шуда, бо М. Римский-Корсанов, В. Стасов дӯстӣ пайдо мекунад. Вохӯрӣ бо онҳо имкон медиҳад, ки мусиқичии боистеъдод ба хулосае ояд ва мусиқиро дар ҳаёт касб интихоб кунад. Аз ин сабаб соли 1856 Мусоргский аз хидмат истеъфо дода, ба композиторони пешқадам ҳамкорӣ мекунад, ба «Дастаи муқтадир» («Могучая кучка») ҳамроҳ мешавад. Солҳои 60-ум истеъдоди композитор дар навоварии азими драмаҳои мусиқии халқӣ «Борис Гадунов» (аз Пушкин) ва «Хованшина» – қуллаи баландтарини эҷодиёти ӯ ба шумор мераванд. Дар ин асарҳо, инчунин дар операи комедиявии «Ярмаркаи сорочинӣ» (аз Гогол), нақши асосиро халқ мебозад. Композитор бар он кӯшидааст, ки дар асарҳои ӯ иштирокку-нандагон дар саҳна ба монанди одамони зинда сухан кунанд. Ҳамчунин ба беҳтарин осори Мусоргский дохил мешаванд: силсилаи вокалии «Бачагона», фантазия барои оркестр «Шаб дар кӯҳи тоссар», асари гениалӣ «Тасвирҳо аз намоишгоҳ» ва ғ.[5]

Манобеъ

вироиш
  1. 1.0 1.1 Большая российская энциклопедия (рус.)М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
  2. 2.0 2.1 2.2 Moussorgsky, Modeste Petrovich (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911.
  3. 3.0 3.1 3.2 Э., Риман Г. Мусоргский (рус.) // Музыкальный словарь: Перевод с 5-го немецкого издания / под ред. Ю. Д. Энгель, пер. Б. П. ЮргенсонМ.: Музыкальное издательство П. И. Юргенсона, 1901. — Т. 2. — С. 886—888.
  4. Мусоргский Модест Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 247. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)