Мусофиршо Маликов
Мусофиршо Маликов (17.03.1934, Хоруғ, ВМКБ — 26.06.1992, ҳамон ҷо) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1965), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1986)
Таърихи таваллуд: | 17 март 1934 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 26 июн 1992 |
Касб: | ҳунарпешаи театр |
Зиндагинома
вироишСоли 1954 Институти театрӣ- бадеии ба номи А. Островскийи ш. Тошкандро ба охир расонда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хоруғ ба сифати актёр фаъолияташро шурӯъ намуд ва беш аз се даҳсола рӯи саҳнааш ҳунар озмуд. Хоса нақшҳои драмавиро бо эҳсосоти баланд мебозид. «Найрангҳои Майсара», «Нисо», «Соати бурҷи Кремл», «Барқия ба В. И. Ленин», «Ситораи умед», «Қишлоқи тилоӣ», «Нидои суханвар», «Ҷои сердаромад» намунае аз қариб панҷоҳ спектакланд, ки дар онҳо нақши марказӣ иҷро кардааст. Ба ҳайси коргардон «Дуртар аз сарҳад», «Муҳаббат ва адоват», «Зафар», «Эй ҷавонӣ, ҷавонӣ» барин намоишномаҳоро таҳия намудааст. Маҳорати хуби навозандагӣ дошт ва «Рубоби ман», «Ба комсомол», «Ленинободам», «Москваи ман» барин сурудҳоро эҷод кардааст.
Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.