Мустафоқул Муртазоев
Мустафоқул Муртазоев (тав. 17.09.1938, Душанбе — 1997, ҳамон ҷо) — мутриб, навозандаи маъруфи тоҷик (Рубоби қашғарӣ). Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1988).
Мустафоқул Муртазоев | |
Таърихи таваллуд | 17 сентябр 1938 |
Зодгоҳ | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 1997 |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | мутриб |
Соз | Рубоби қашғарӣ |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1988) |
Зиндагинома
вироишМустафоқул Муртазоев соли 1950 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов), хатм намуда, Солҳои 1960-63 дар Консерваторияи давлатии Тошканд таҳсил кардааст. Аз соли 1963 то охири умр навозандаи оркестри созҳои халқии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон, кор кардааст. Муртазоев маҳорати хуби навозандагӣ дошта, садои рубобаш софу гуворо буд. Алалхусус дар иҷрои пиесаҳои лирикӣ ҳамто надошт. Репертуари ӯро асарҳои композиторони Ғарб, шӯравии русу тоҷик, инчунин навоҳои классикиву халқии тоҷикӣ бою рангоранг гардониданд. Бештари асарҳои иҷрокардаашро дар фонди радио сабт намудааст. Репертуари Муртазоевро бештар аз 100 навову пиесаҳо ташкил мекунад, ки «Рондо» (З. Шаҳидӣ), «Шарора» (Ш. Сайфиддинов), «Насими кӯҳсор» ва «Фалак» (А. Одинаев), «Рақс» (Я. Сабзанов), «Роки Қашқарча» (такмили Б. Гиенко), «Попурии ӯйғурӣ» (Ф. Василев ва Э. Шукуруллоев), «Экспромт» (А. Арутунян), «Рақсҳо» аз операи «Кёроғлӣ» (Ӯз. Ҳоҷибеков) ва ғ. мисол шуда метавонанд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 239. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)