Мутаваккил Бурҳонов

Мутаваккил Музайннович Бурҳонов (с. тав. 1918, Бухоро, с. ваф. 2002 Бухоро), оҳангсоз, донандаи номвари «Шашмақом», Ҳунарпешаи халқии ҶШС Ӯзбекистон (1964), иштирокдори ҶБВ. Фориғуттаҳсили мактаби мусиқии шарқи Бухоро (1931), Институти мусиқӣ ва хореографияи Самарқанд (1932), Консерваторияи Москва (1949). Асосҳои мусиқии классикӣ ва мардумиро назди устодон Бобо Ҷалол Носирзода, Домулло Ҳалим ва дигарон омӯхт. Мусаннифи чандин суруду романсҳо бар ашъори Ҳофиз («Намедонам, чӣ ном дорад», 1949), Лоҳутӣ («Ба чашмонат қасам», «Дилбари мо», 1939, 1940), сурудҳои мардумии «Сари кӯҳи баланд» (1952), «Заррагул», «Чашми сиёҳ», «Гули гандум» ва ғ. такмил дода, мусаннифи суитаи симфонии «Абӯалии Сино» (1957), мусиқӣ барои филму опера, драмаҳои мусиқии Ӯзбекистон. Бурҳонов дар фаъолияти эҷодиаш аз мероси гаронмояи мусиқии «Шашмақом» хеле устодона баҳраандӯзӣ намуда, ба эҷоди асарҳои муҳташами созию овозӣ дар жанру шаклҳои мусиқӣ комёб шудааст.

Ӯ барои хидматҳои шоистааш бо унвону ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҶШС Ӯзбекистон (Лауреати мукофоти давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳ.Ҳ. Ниёзӣ-1964, 1970, мукофотии давлатии РАСС Қароқалпоқистон-Бердақ (1964)), Ордени Ленин, ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.

Адабиёт

вироиш

Композиторы Узбекистана, Таш., 1974; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 49 ISBN 978-99947-49-13-3