Муфаззали Аҷамрод - тарҷумон, олим, шоир узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2014)

Муфаззали Аҷамрод
Муфаззал Муртазозода
Таърихи таваллуд 10 майи 1953
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент
Пеша шоир

Зиндагинома

вироиш

Муфаззали Аҷамрод 10 майи соли 1953 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди мактаби миёнаи деҳа шуъбаи арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро соли 1975 ба фарҷом расондааст. Солҳои 1975-1978 ходими адабӣ ва мухбири махсуси рӯзномаи «Маориф ва маданият» («Омӯзгор»-и ҳозира) буда, зимнан курси махсуси тарҷумонии Донишкадаи ҳарбии забонҳои хориҷии Маскавро хатм кардааст. Солҳои 1978-1982 тарҷумони Иттиҳодияи умумииттифоқии «Технопромэкспорт» дар Ҷумҳурии Ироқ, 1982-1986 омӯзгори забони арабии Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода, аз ноябри соли 1986 аспиранти Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ Тоҷикистон, солҳои 1988-1991 сартарҷумони намояндагии тиҷоратии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Яман, солҳои 1991-1996 устоди забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ будааст. Солҳои 1996-2005 вазифаҳои сардори [[Идораи равобити иқтисоди хориҷии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои (1999-2000) сармуҳаррири маҷаллаи «Амал» (ба забони русӣ), директори Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО-2000» дар Ҷумҳурии Федералии Олмон, сардори гурӯҳи кории байнипалатавии ИДМ оид ба намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо, ҳамраиси Шӯрои кори Тоҷикистону Эрон оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи соҳибкорӣ ва тиҷоратро бар уҳда доштааст. Солҳои 2005-2008 сармутахассиси Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнеркетикаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ будааст. Аз соли 2009 сармутахассиси Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» мебошад.

Эҷодиёт

вироиш

Муаллифи чандин очерку мақолаи илмию оммавӣ, маҷмӯаҳои ашъор «Мусаллои Хуршед» (2008), «Ҷилваи роз» (2010) ва «Меҳроби таманно» (2012)-ст.

Мукофот

вироиш

Бо Ифтихорномаҳои Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Ироқ, Кумитаи Марказии ВЛКСМ, Штаби генералии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Яман, сипосномаҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 51 ISBN 978-99947-2-379-9

ɣ