Мухбил Нигмонов
Нигмонов Мухбил (тав. 19.03.1948, ноҳияи Панҷакент), биологи тоҷик, доктори илмҳои биологӣ (1997).
Таърихи таваллуд | 19 март 1948 (76 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Институти ботаника, физиология ва генетика растанӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1965–1970 дар шуъбаи биология ва химияи факултети география-табиатшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1970–1971 муаллими фанни биология ва химияи мактаби миёнаи ноҳияи Колхозобод, 1971– 1980 ассистент ва муаллими калони кафедраи ботаникаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Айни ҳол ҳамчун корманди калони Институти илмӣ-тадқиқотии физиологияи рустаниҳо ва генетикаи АИ ҶТ фаъолият дорад. Инчунин ҳамчун муаллими ҳамкор дар кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ, 3 барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, аз ҷумла «Ботаника барои синфҳои 5-6» (2001), «Ботаника барои синфи 5» (2005), «Ботаника барои синфи 6» (2005) мебошад. Дар масъалаҳои хусусияти физиологӣ ва биохимиявии генотипҳои гуногуни лубиёиҳо ва ғалладонагиҳо, принсипҳои физиологӣ ва биохимиявии баҳодиҳӣ ба миқдор ва сифати сафедаҳо дар рустаниҳои ғалладонагӣ ва ғалладонаю лубиёӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст.