Мушк
Мушк, моддаи бӯёест, ки дар ҳайвон ва рустанӣ ҳосил мешавад. Мушк хосияти баланди атрӣ дорад. Мушки ҳайвон, моддаи донадор ё равғанмонандест, ки ғадудҳои мушки ҷинси наринаи баъзе ҳайвонҳои ширхор (кабарға ё ғазол, оҳу, говмеш, мушобӣ, сагобӣ ва ғайраҳо) ҷудо мекунад. Рангаш бӯр ва бӯи хоси тез дорад. Асоси хӯҳбӯии Мушки ҳавон кетонҳои макросиклӣ (мускон, сибетон, дигидросибетон) ва асоси хушбӯии Мушки рустанӣ (рустаниҳои мушкбез, масалан, лактонҳои макросиклӣ (тибетолид, амбреттолид ва ғайраҳо) мебошанд. Ба таркиби мушки ҳайвон инчунин сафеда, равған, холестерин ва намакҳои гуногун дохил мешаванд. Ҳайвон бо ёрии мушк маҳалли зиндагиашро муайян мекунад ва ҳамҷинси худро мешиносад.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.