Муъаллақот (арабии المُعَلَّقات) — машҳуртарин навиштаҳо ва гуфтораҳои арабии пеш аз ислом дар шеъри фасеҳ аст.

Қасоиди бисёр зебо, пурбор ва пурмаъно, ки ҳар як аз онҳо маънии вижае дар бар дорад. Гӯяндгони ин қасоид ба «Шуъарои-л-муъаллақоти-с-сабъ», яъне асҳоби муъаллақоти сабъ маъруф ҳастанд ва асҳоби муъаллақоти сабъ ҳафт тан аз шоъирони рӯзгори ҷоҳилияти араб (пеш аз мусулмон шудан) буданд, ки ҳар як қасидаи ғарро сурудаанд. Моҷарои овехтани ин ашъор аз девори Каъба иддаъои бедалелӣ аст ва ба далели инки ин иддаъо бисёр оҳангин ва хаёлангез аст, ба суръат машҳур шудааст ва ҳамин қасоид аст, ки дар «ас-свна»-и аҳли илм ба сабуъаи муаллақа ва муаллақоти сабуъ машҳур аст.[1] Гӯянд ваҷҳи тасмияи ин қасоид ба ал-муъаллақот аз онҷост, ки монанди гавҳари гаронбаҳо дар гӯшу зеҳни шунавандаи он муъаллақ мешудааст.

Тафсир

вироиш

ал-Муъаллақот ном «ҳафт қасида» аз шоъирони фасеҳ ва балиғи араб аст, ки аз рӯйи тафохур бар дарвозаи Каъба овехта буданд, то содир ва вориди ҳар диёр мушоҳида намоянд. Араб бар он аст, ки дар аҳди ҷоҳилият ҳафт қасида аз ҳафт шоъири мақбули ҳамагон буд ва он ҳафт бар ҷамеъи ашъори дигар шоъирон раҷҳон дошт ва дар ҳақиқат, муаррифи рӯҳу нишоти ҳаёти араб буд. Аз ин рӯ, онҳоро навишта ва бар хонаи Каъба овехтанд ва бад-ин муносибат онҳоро «муъаллақот сабъ» ва гоҳ «сабъи тивол» номидаанд. Ҳамчунин, баъзе аз муаррихон ба «даҳ қасида» низ ишора намудаанд ва онро «муъаллақоти ъашр» номидаанд.

Гӯянд: Аввалин касе, ки ин қасоидро ҷамъоварӣ намуд, Ҳаммод Ровия буд. Вай баъд аз ҷамъоварии қасоид, онҳоро «ал-қасоиди-с-сабъу-т-тивол» номид. Ҳамчунин гӯянд: Онҳоро «ал-муъалақаот» номид. Ривоят аст, ки вай гуфта ин ашъор зеботарин ашъорӣ аст, ки токунун араб гуфтааст ва араб даврон ҷоҳилият чунин қасоидиро «ал-муъаллақот ё ас-самут» меномидаанд. Адибону нависандагони араб бар онанд, ки ин қасоид дар асл «даҳ қасида» будааст, вале баъзе аз нависандагон ва китобҳо гоҳе номи қасидае овардаанд ва гоҳе номи қасидаи дигареро раҳо кардаанд, бино бар ин, дар кутуби қадима аз ҳафт қасида ном бурда шудааст, чунонки Ибни Калбӣ" ва Ибни Абд Раббаҳ соҳиби китоби «Иқту-л-фарид» мегӯяд. Бино бар ин, дар кутуби қадима аз «сабъаи муъаллақот» ёд шудааст. Дар ин боб нависандагон дар ҳайрат афтодаанд, ба ин сабаб, ки касоне гуфтаанд «Сабъаи муъаллақот» ва касоне дигар навиштаанд «Ашраи муъаллақот».

Ин қасоид борҳо чоп шудааст ва шарҳҳои бисёр бар онҳо навиштаанд ва ҳар қасида аз қасоиди муъаллақот шомили 81 то 100 байт аст.

Муъаллақоти сабъ

вироиш
  • قفا نبک من ذکری حبیب و منزلِ аз Имрулқайс ибни Ҳаҷари Киндӣ;
  • هل غادر الشعراء من متردمِ، аз Антара ибни Шаддоди Абасӣ;
  • أمن أم أوفی دمنة لم تکلم аз Зуҳайр ибни Абисалмо;
  • أمن أم أوفی دمنة لم تکلم аз Амр ибни Кулсум;
  • آذتنا ببینها أسماء аз Ҳорис ибни Ҳуллаза;
  • عفت الدیار محلها ومقامها аз Лабид ибни Абирабеъа;
  • لخولة أطلال ببرقة ثهمد аз Турфа ибни Абд.