Муъминов Муҳаммадҷон
Муҳаммадҷон Муъминов (1.05.1901, шаҳри Марғилон – 2.04.1976, шаҳри Душанбе) — мутриб, навозанда (дутор, ғижжак) ва оҳангсози тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1939).
Муҳаммадҷон Муъминов | |
Таърихи таваллуд | 1 май 1901 |
Зодгоҳ | Марғилон |
Таърихи даргузашт | 2 апрел 1976 (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | композитор, навозанда |
Соз | дутор, ғижжак |
Ҷоизаҳо | Ходими Хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон, ордени «Нишони Фахрӣ» |
Зиндагинома
вироишМуҳаммадҷон Муъминов касби дутору ғижакнавозиро аз устодони ин пеша омӯхтааст. Солҳои 1921-24 дар ҳайати отряди савораи Қӯқанд зидди босмачиён мубориза бурда, баъди хидмат дар соҳаи санъат кор кардааст. Солҳои 1933-1938 сардирижёр ва роҳбари мусиқии Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ, 1938-1942 сардирижёри оркестри созҳои халқии Кумиати давлатии радиои тоҷик, 1942-1960 роҳбари мусиқии ансамбли созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва 1960-1962 дутору ғижакнавози оркестри созҳои халқии тоҷик шуда кор кардааст. Аз соли 1962 то вафоташ нафақагири шахсӣ.
Эҷодиёт
вироишСурудҳои эҷодкардаи Муъминов – «Ташаккур» (Б. Раҳимзода), «Эй санам акси туро….» (Турсунзода), «Булбулон» (Лоҳутӣ), «Душмани шапарак» (Суҳайлӣ) ва ғайра; савту навоҳои созӣ: «Озод», «Табрик», «Ғунча», «Сайри гул», «Садои дутор», «Рақси дилбар», «Рақси шодӣ» ва ғ. аз қабили онҳоянд.
Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олими ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 247-248. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)