Муқимои Шерозӣ
Муқимои Шерозӣ (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар асри 17 зиндагӣ кардааст. Бо пешаи хайётӣ рӯз мегузаронид ва ба шеъру шоири шавқу ҳанаси зиёде дошт. Девонаш то замони мо нарасидааст, вале ашъори парокандааш дар таазкираву баёзҳо дарҷ гардидааст. Дар пайравии шоирони маснависарои форс-тоҷик достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро назм кардааст. Мавзӯи ашъори парокандаи ӯ шикоят аз носозиҳои замона ва ҳасби ҳол, ишқ ва ғайра аст.
Намунае аз шеъри Муқимои Шерозӣ:
Якчанд ба қайди нангу ном уфтодам,
Чанде ба забони хосу ом уфтодам,
Бадномонро ташт бияфтод аз бом,
Таштам чу набуд, худ зи бом уфтодам.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Муқимои Шерозӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).