Муҳаммадалӣ Музаффарӣ
Муҳаммадалӣ Музаффарӣ (зод. 5 майи 1947, деҳаи Висхарв, ноҳияи Дарвоз, ВМКБ) — файласуфи тоҷик, доктори илми фалсафа (1999), профессор (2003). Узви вобастаи АМИТ (2017).
Таърихи таваллуд | 5 май 1947 (77 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Висхарв, ноҳияи Дарвоз |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти давлатии педагогии Душанбе (1970) |
Зиндагинома
вироишСоли 1970 факултаи филологияи руси Институти давлатии педагогии Душанберо ба итмом расонда, дар ҳамин ҷо ҳамчун ассистент ба фаъолият пардохт. Баъди адои хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ (1971—1972) кори омӯзгориро дар Институти давлатии педагогии Душанбе давом дод. Солҳои 1977—1982 коромӯз ва аспиранти Институти фалсафаи АИ СССР (шаҳри Маскав), 1983—1998 ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходим ва 1998—2005 сарвари Маркази антропологияи Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ Тоҷикистон буд. Аз соли 2006 мудирии кафедраи антропологияи системавии Институти такмили ихтисоси кормандони тибби ҷумҳуриро ба зимма дошт.
Пажӯҳишҳо
вироишБа равияи нави илмӣ — антропологияи системавӣ дар Тоҷикистон асос гузошта, бо ибтикораш омӯзиши фанни антропология дар нақшаи таълимии чанд факултаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ворид гардид. Перомуни умдатарин масоили антропологияи таърихӣ ва муосир беш аз сад кори илмӣ нигоштааст.
Ҷоизаҳо
вироишБарандаи ҷоизаи академии «Олимони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Осор
вироиш- Фардияти инсон аз нигоҳи фалсафию таърихӣ. — Д., 1983;
- Фардият ва инсон. — Д., 1991;
- Мадхали антропология. — Д., 1999;
- Инсон ҳамчун объекти омӯзиш. — Д., 2000;
- Антропологияи ориёӣ. — Д., 2006;
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони илми тоҷик (асри ХХ — аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ; Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода. — Душанбе, 2016. С. 337. — 720 с.