Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд (форсӣ: محمد بن خاوندشاه بن محمود‎, маъруф ба Мирхонд, форсӣ: میرخواند‎; 1433[1][2][3][…], Балх, Имперотурии Темурӣ[d][1]1498[4][3][5][…], Ҳирот, Имперотурии Темурӣ[d][1]) — таърихнигор, нависанда ва донишманди форс-тоҷик.

Мирхонд
Таърихи таваллуд 1433[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1498[4][3][5][…]
Маҳалли даргузашт
Кишвар

Зиндагинома

вироиш

Падараш Бурҳонуддини Ховандшоҳ аз сайидони Бухоро буда, баъдтар ба Балх мекӯчад. Зиндагии Мирхонд дар Ҳирот, ки он вақт яке аз марказҳои бузургтарини илмию маданӣ буд, ҷараён ёфтааст. Ӯ дар доираи адабӣ, ки ба он Али­шери Навоӣ сарварӣ мекард, иштирок дошта, намояндаи мактаби илмии таърихшиносии форс-тоҷик дар дарбори Темуриёни Ҳирот буд. Ӯ бо супориш ва таклифи Навоӣ асари худ «Равзату-с-сафо фӣ сирати-л- анбиё ва-л-мулук ва-л-хулафо»-ро навиштааст, ки ба таърихи пайғамбарон, сулолаҳо, подшоҳон ва халифагон бахшида шудааст. Асар аз 419 ҷилд иборат буда, 6 ҷилдаш ба қа­лами Мирхонд тааллуқ дорад. Ҷилди 7 ва хотимаи асарро, ки чилди 8-ум низ меноманд, набераи ӯ Хондамир ба итмом расондааст.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Мирхонд / Қ. Бобоев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
  • История Ирана с древнейших времен до конца XVIII в., Л., 1958.