Муҳаммадносир Алавӣ
Алавӣ Муҳаммадносир (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 12).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|---|
Забони осор: | форсӣ-тоҷикӣ |
Ашъор
вироишДар «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ аз ӯ бо унвони акмалушшуаро ёд шудааст. Дар дарбори Баҳромшоҳи Ғазнавӣ (ҳукмронӣ 1117 – 1152) хидмат мекард. Ба қавли Муҳаммад Авфӣ Алавия ашъорашро тадвин накарда буд. Аз Алавия инчунин шоири мутасаввиф Саноӣ дар маснавии «Корномаи Балх» ёд кардааст. Аз намунаҳои боқимондаи ашъораш бармеояд, ки Алавия дар истифода аз санъатҳои тарсеъ, таҷнис, муроотунназир ва ғайра моҳир будааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, Т., 1335, ҳ. ш.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.