Муҳаммадрафеъ Воизи Қазвинӣ
Мулло Муҳаммадрафеъ Воизи Қазвинӣ (форсӣ: ملا محمدرفیع واعظ قزوینی; 1618, Қазвин — 1679) — фақеҳ, воиз, шоир ва адиби форс-тоҷик.
форсӣ: محمد واعظ قزوینی | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | форсӣ: محمد بن فتحالله قزوینی |
Таърихи таваллуд: | 1618 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1679 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | фақеҳ, воиз, шоир |
Забони осор: | форсӣ, озарбойҷонӣ ва арабӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишМуҳаммадрафеъ Воизи Қазвинӣ дар соли 1618 мелодӣ дар Қазвин зода шуд. Вай аз фарзандони Мулло Фатҳуллоҳи Қазвинӣ аст. Ӯ дар ваъз ва хитоба саромад буд ва муддатҳо дар масҷиди ҷомеъи Қазвин ваъз мегуфт. Ӯ аз шогирдони Мулло Халили Қазвинӣ буд. Аз илми маъқул ҳаззи фаровон дошт ва асари машҳураш дар ин бора «Абвобу-л-ҷинон» ном дорад.
Воизи Қазвинӣ бо шеъри пандомезу андарзӣ, инчунин бо моддаи таърих машҳур аст. Ашъораш бо сабки ҳиндӣ ва таҳсинаш дар муаммоҳо ва ҳалли муъзалот шуҳрат дорад.
Воизи Қазвинӣ дар соли 1679 мелодӣ даргузашт ва мадфанаш дар мадхали вуруди саҳни Шоҳзода Ҳусайн (Қазвин) дар гӯшаи чап қарор дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- نظمی تبریزی، علی (۱۹۷۶). دویست سخنور؛ تذکرةالشعرای منظوم و منثور. تابش. ص. ۴۵۶.